Посух Иттифоқи нависандагон ба худсӯзии Ҳасан Юсуфи Файзбахш
Посух ба матлаби «Қасди худсӯзӣ дар дафтари раиси Иттифоқи нависандагон Низом Қосим”, ҳафтаномаи «Тоҷикистон», №46, 18 ноябри соли 2020
Мақоларо дар саҳифаи ҳафтавор дида, ҳайрон ҳам нашудам, зеро чашмдор будем, ки «исён»-и Ҳ. Ю. Файзбахш дар бинои Иттифоқи нависандагон дер ё зуд ҳатман ба даҳони ҳангомахоҳон меафтад.
Ман ин таърихчаро такрор намекунам, зеро тамоми ҷузъиёти сурат ва суръат гирифтани воқеаҳо мушаххас ба қалам оварда шудаанд. Ин мавқеи Ҳ. Ю. Файзбахш аст. Аммо он чӣ мавқеи Иттифоқи нависандагон аст, дар мақола наомадааст, агарчи тибқи талаботи муқаррароти қабулшуда ва одоби журналистӣ кормандони ҳафтанома бояд фикри роҳбарияти Иттифоқро дар ин мавзӯъ як даҳон мепурсиданд.
Азбаски масъулияти кори эҷодӣ, аз ҷумла, ба узвияти созмон омода намудани ҳуҷҷати довталабон, ба зиммаи муовини якуми раис, айни замон камина, гузошта шудааст, лозим дониста шуд, ки ба мақолаи Ҳ. Ю. Файзбахш низ банда посух бидиҳам.
Нахуст бояд зикр кард, ки тибқи низомномаи қабулгардида, ки 17 сол боз амал мекунад, ба узвияти ИН танҳо касоне пазируфта мешаванд, ки синнашон аз 55 зиёд набошад. Аммо ин шарт як истисно ҳам дорад: онҳое, ки дар кори эҷод истеъдоди фавқулода нишон медиҳанд, новобаста аз синнашон, ба узвият пазируфта мешаванд. Юсуфи Файзбахш чанд маротиба дар ин мавзӯъ бо ман суҳбат кард ва исрор варзид, ки нисбат ба ӯ Иттифоқ гӯё мавқеи ғайриодилона гирифтааст, гӯё дар давраи то роҳбарияти ҳозира ду бор ҳуҷҷатҳояш гум шудаанд ва китобҳои бисёри чопкардааш ва тавсияҳоро манзурам намуд.
Дар ин ҷо бояд як нуктаи дигарро таъкид намоям, ки пас аз супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (банди 25-уми протоколи маҷлиси он, таҳти № 5, аз 8-уми апрели соли 2016) Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо аъзои тасодуфан ба созмон роҳёфта муборизаи қатъӣ эълон намуд. Аз ҷараёни он дар солҳои 2016-2018 аҳли қалам ба хубӣ огоҳанд. Таҷрибаи пур шудани ИН аз аъзои тасодуфӣ нишон медиҳад, ки шӯроҳои эҷодӣ гоҳе нафаронеро ҳам ба узвият тавсия медиҳанд, ки осорашон ба меъёрҳои муайяншуда ҷавобгӯ нестанд. Дар мавриди тавсияҳои пешниҳодкардаи Ҳ. Ю. Файзбахш ҳаминро метавон гуфт, ки бисёр хушку рӯякӣ, бе ягон мисолу далел ва маълум аст, ки бо исрорҳои дилбазани муддаӣ навишта шудаанд. Аз ин рӯ, ба хотири роҳ надодан ба иштибоҳ дар интихоби узви оянда аз се нафар адиби салоҳиятдор хоҳиш карда мешавад, ки дар хусуси осори ин ё он довталаб тақриз пешниҳод намоянд. Осори Ҳ. Ю. Файзбахш аз се адиб ҳам се тақризи манфӣ гирифт. Мавриди зикр аст, ки дар маҷлиси мартии Раёсат масъалаи пазириш ба узвият дида нашуд, дар моҳи июл ба сабаби маҳдудияти маълум вобаста ба сар задани бемории Covid-19 маҷлиси Раёсат ба таври раъйпурсӣ сурат гирифт ва, аз ин рӯ, масъалаи қабул матраҳ нагардид. Дар ин миён Ҳ. Ю. Файзбахш чандин бор, гоҳе тавассути телефон, гоҳе ба дафтари корам омада, ҳарчи зудтар ҳал шудани масъалаи узвияти худро исрор менамуд. Дар рафтори ӯ як навъ беқарорӣ ва интизории саъб эҳсос мешуд. Мегуфт, дар ноҳия маҷлиси тантанавиеро ба ӯ ихтисос додаанду бисёр мехоҳад, ки дар он ӯро маҳз ҳамчун узви Иттифоқи нависандагон ном баранд. Ҳ. Ю. Файзбахш ба ин мазмун суханонро на танҳо дар ҳузури ман, балки дар ҳузури чандин нафари дигар низ гуфта, бо ҳамин ба мардум чунин талқин намуд, ки мақсади асосии ӯ аз узви ИН шудан на хизмат ба адабиёт, балки худнамоиву худнамоишдиҳӣ асту халос. Яъне, мардум бояд донад, ки Ҳ. Ю. Файзбахш нависандаи эътирофгашта ва сазовори ҳама гуна ситоишу тамҷид аст! Ҳол он ки дар муддати чор соли охир Иттифоқи нависандагон бо чунин қаламфарсоёни худхоҳу худпараст ва номҷӯву шуҳратталаб, ки баробари узви ИН шудан барои гирифтани мукофоту ҷоиза, замину хона остони мақомоти давлатиро охурча намуда, ҳатто маҷбур мекарданд, ки иддае аз мардумро аз тамоми кору бор монда, маҳфилҳои солгардҳову солҷашнҳои онҳоро ботантана барпо намоянд, беамон мубориза бурд. Дар ин хусус Президенти муҳтарами мамлакат дар маҷлиси моҳи апрели соли 2016 изҳори нигаронӣ карда буданд. Ҳ. Ю. Файзбахш бо рафтору гуфтори худ нишон дод, ки дар шумори чунин қаламфарсоён аст. Дар ин бора худаш чунин навиштааст: “Пеши назарам тайёрии санъаткорони театри ш. Ҳисор ва фарзандону наберагонам, ҳамдеҳагону шогирдони мактаби хатмкардаам, мактаби деҳа ва мактаби президентии ш. Ҳисор омад. Зеро ният доштам, ки дар ҳоли аъзо шудан ба Иттифоқи нависандагон, маҳфили адабӣ доир кунам… “як пиёла чой” ташкил намоям”. Суоле ба миён меояд, ки ин тантана ба хотири чист, чӣ зарурат дорад, ки ин қадар муассисаҳои таълимиву фарҳангӣ барои гузарондани он омодагӣ мегиранд? Чунин тадоруку ташвиш танҳо он замон ҷоиз асту маънӣ дорад, ки сухан дар бораи ҷашни устодони бузурги адабиёт равад. Аммо дар мавриди Ҳ. Ю. Файзбахш барин қаламфарсоён он танҳо мақоли “якпула савдову садпула ғавғо”-ро ба хотир меораду халос. Ба ёди ин муддаӣ мерасонам, ки беш аз даҳ сол боз Ҳукумати кишвар ба ин гуна тантанаҳои пучи зоҳирпарастона хотима дода, ҷони мардум, билхоса хонандагони мактабҳоро аз онҳо халос намудааст.
Инсонеро, ки бузург шудан бихоҳад, бояд тинату сиришташ бузург бошад:
Такя бар ҷойи бузургон натавон зад ба газоф,
Бояд асбоби бузургӣ ҳама омода кунӣ.
Аммо вақте тинату сират намебардорад, инсон ба дарди бузуртарошиву бузургманишӣ мубтало мегардад, ки оқибаташ бо чунин ҳодисаҳои барои худаш нангин анҷом мепазирад. Ҳамин эҳсос бар ҷону равони Ҳ. Ю. Файзбахш чира гашта, рӯҳашро афсурда гардондааст. Бояд гуфт, ки ҳатто дар солҳои вазнини ҷанги ҳамватанӣ, ки баъзе “боевик”-ҳо даъвои узвият доштанду даъвояшон рад шуд, касе ба чунин рафтори ҷинояткорона, яъне қасди оташ задани як даргоҳи муқаддас ва осеб расонидан ба моликияти давлату кормандони давлатӣ, даст назада буд. Пас, хонандагони азиз, худ қазоват кунед, ки ҳақ бо Ҳ. Ю. Файзбахш аст ё Низом Қосим? Оё соҳиби номи баланди журналист, донишманд, нависанда ба чунин кирдори зишт даст мезанад? Ҷомеа аз нависанда бояд ахлоқи ҳамидаву одоби хуҷаста ёд гирад, на зӯровариву оташзаниву шӯрангезиро. Фарз кардем, Ҳ. Ю. Файзбахш бо чунин хислату бо чунин асаб узви Иттифоқи нависандагон шуд, оё кафолате ҳаст, ки фардо барои доир накардани ҷашни солгардаш ё надодани ягон ҷоиза барояш, ҳамин амали авбошонаи худро дар ягон мақоми дигар такрор карда, ба шаъни адибон ва созмони онҳо иснод намеовард? Агар рӯзномаи “Тоҷикистон” ҳазёни иѓвогаронаи пурдурӯѓу пуртаҳрифашро барои чоп қабул намедошт, оё, ба қавли худаш, “майнаи сараш ҳуввас намекашиду” (?) ҳамин амали бемасъулиятонаву худхоҳонаашро дар ин даргоҳ ҳам такрор мекард?! Кӣ, кадом қонун ба ӯ ҳаққи ба ин дараҷа бар зарари муҳиту ҷомеа худхоҳиву худпарастӣ карданро додааст?!
Пас оё ба ин хулоса намерасем, ки рафтори сарвари Иттифоқи нависандагон дар нисбати ин шахс дуруст, санҷида ва заковатмандона будааст?! Яъне, пеш аз расидан ба чунин хулоса, ҳайсияти ӯро таҳқиқ намуда, дуруст қарор додааст, ки чунин шахси худхоҳ набояд дар сафи шоирону нависандагон бошад. Бинобар ин, дар ҳузури онҳое, ки шоҳиди авбошии Ҳ. Ю. Файзбахш буданд, бо қатъияту устуворӣ гуфт: “То ман дар ин ҷо ҳастам, ту аъзо намешавӣ!”
Дар хусуси он ки гӯё раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ӯро ҳавобаландона напазируфтаву бо ҷаҳл муносибат карда бошад. Ҳамаи мо ва Худо шоҳидем, ки Низом Қосим тамоман чунин одам нест. Ӯ, пеш аз он ки ба ин мақом бирасад, барои эҷоди асарҳои сазовор ва мавқеи устувору ҳамидаи инсониву шаҳрвандӣ ва оштинопазирӣ бо худхоҳону худпарастон, ки номи аъзои ИН-ро доѓдор мекарданд, ҳамчун адиб аз ҷониби ҳамқаламону хонандагон комилан эътироф шуда, тамоми унвону нишонҳоро гирифта буд.
Дар тӯли панҷ соли сарвариаш Низом Қосим корҳое кард, ки ба обрӯи Иттифоқи нависандагон ва аъзои сазовори он афзуданд, ИН на танҳо зоҳиран ободу зеботар шуд, балки ба як ниҳоди мавқеъмуайяну устувормавзее табдил ёфт, ки бо вуҷуди кӯшишу талошҳои худхоҳону худпарастон, графоману беҳунарон ва иѓвогарону ҳангомахоҳон, пайваста дар пайи тарѓиби сиёсати созандаи давлат, ободии Ватан ва нуфузу эътибори сухани баланд аст. Раиси ИН бисёр фарох андеша мекунад ва қасдаш ҷуз ободии ин даргоҳи муқаддасу аҳли он чизи дигаре набуду нест.
То ба сарварии Иттифоқи нависандагон омадани Низом Қосим синни миёнаи аъзои созмон қариб 70 солро ташкил медод, тавассути қабули батадриҷи гурӯҳи калони ҷавонони қобилиятноки ояндадор ин рақам имрӯз ба 60 коҳиш ёфтааст. Ӯ ба ҷавонон меҳрубон аст, эътимод дорад ва ҷавон кардани ИН боз ҳам идома меёбад, чунки ояндаи адабиёти бузурги тоҷик бар дӯши онҳост, на дар дасти ҷисму ҷонҳои фарсудаи ѓайриқобили номгадоёну шуҳратталабоне, ки якумр дар ким-куҷоҳо гаштаву баъди 70-у 80 даъвогари нависандагиву узвияти ИН мешаванд.
Он рӯз, чунон ки зикр гардид, маҷлиси Раёсат таъин шудаву қабулгоҳ ва роҳрав пур аз кормандон буд ва ин имкон медиҳад, ки дурӯѓҳои дигари Ҳ. Ю. Файзбахш низ фош карда шаванд. Низом Қосим ба қабулгоҳ баромада фармуд, ки милисаро аз ин авбошӣ огоҳ кунем ва дигар ба авбош наздик нашуд, пас чӣ гуна метавонист, ки «ба қисмати ноф поёнтар(?)»-и иѓвогар «лагат» (?) занад (ибораҳои бо аломати савол ишорашуда эҷоди Ҳ. Ю. Файзбахшанд ва забону баёни ӯро хуб ифода мекунанд) ?! Сухани қабеҳ гуфтани раиси ИН низ туҳмати маҳзи майнаи хароб аст, баръакс сабабгори ин кирдори авбошона ӯро ва ИН-ро бо алфози кӯчагӣ дашномҳо кард ва тибқи нишондоди шоҳидон бояд барои ин ҷавоб гӯяд. Ӯро «мушти обдоре» задани «ҷавоне» низ бофтаи хаёлоти бемораш аст, чунки касе ба ӯ наздик шуда натавонист ва лаҷоми гусехтаашро танҳо милисаҳо кашиданд. Дар ҳолате буд вай, ки сухани як бор гуфтаи Низом Қосим дар шаклҳои гуногун батакрор дар гӯшаш садо додааст.
«Вай-ку маро дуруст намешиносаду намедонад» – мегӯяд муддаӣ нисбати раиси Иттифоқи нависандагон. Дуруст аст, ӯро на танҳо раис, балки аксари аъзои Иттифоқу хонандагони хушзавқ ҳам намешиносанд, чунки барои воқеан ба хубӣ шинохта шудан заҳмат кашидан, масъулият доштан лозим аст, на ин ки чанд китобчаи каммояро байрақ кардану шуҳратхоҳиву иззатталабӣ намудан. «Охир аъзои ИН будан вазифа нест, ҳеҷ гуна масъулият надорад… аъзоро ба ягон кору амал уҳдадор намекунад» – менависад Ҳ. Ю. Файзбахш ва бесаводии комилашро дар ин самт низ ба намоиш мегузорад. Ба самъи ин узвшави
Hafizulloi Tohiri (07.12.2020 08:56):
бемасъулияту беуҳдадорӣ мерасонам, ки ИН созмони муътабари ҷамъиятии аз дастгирии ҳамаҷонибаи давлати хеш баҳраманд аст ва тибқи оинномаву низомномаҳо аъзояш дар назди адабиёт, сухани воло, ҷомеаи хушзавқи серталаб масъулияти бузургеву уҳдадориҳои мушаххаси зиёде доранд ва агар шахсе, ки «панҷоҳ сол аст қалам дар даст(?) эҷод мекунад» инро надонаду дарк накунад, вой бар ҳолаш! Ва саволи мантиқие бармеояд, ки оё чунин каси аз масъулияту уҳдадориҳои адиб дар чунин замони печида ѓофил ҳаққи даъвои узвияти ИН карда метавонад?
«…як ҳамкори собиқи худи маро, ки аз ман дида (?) 3 моҳу 2 рӯз бузургтар аст, ба аъзогии ИН қабул карданд» – менависад Ҳ. Ю. Файзбахш ва забонаш пеш намеравад, ки ҳатто номи «ҳамкори собиқи худаш»-ро бигирад. Сухан дар бораи очеркнавису публитсисти маъруф Саломиддин Мирзораҳматов аст, ки барои силсилаи очеркҳои олиҷаноб дар бораи шахсиятҳои бузурги Тоҷикистон – Нусратулло Махсум, Бобоҷон Ѓафуров, Турсун Ӯлҷабоев Ҷаббор Расулов, фелйетону памфлетҳое, ки симои мушаххаси ба ном мухолифинро фошу маҳкум мекунанд ва бо забонҳои тоҷикиву русӣ васеъ интишор гардидаанд, ба узвият пазируфта шуд. Ҳасад бурдан лозим нест, чун номбурда масъулияту уҳдадорӣ ҳис кардану асарҳои хонданӣ, сазовор ва дархӯри ҷомеа навиштан лозим!
Чанд сухан дар мавриди ба онҳое, ки аз Иттифоқ хориҷ карда шуданд, сӯхтани дили Ҳ. Ю. Файзбахш. Комиссияи санҷиши салоҳияти эҷодии адибон, иборат аз адибони муътабар ва намояндагони ниҳодҳои муҳтарам, аз ҷумла Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг, дар муддати се сол ба ин кор машғул шуд ва ягон нафарро бидуни омода намудани далелу бурҳонҳои муътамад аз узвияти созмон маҳрум нанамудааст. Тақризҳо дар бораи осори хориҷшудагон батадриҷ дар ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” чоп шуданд. Хотиррасон мекунам, касоне, ки даъво пеш оварданд, қонеъ гардиданд ва ҳоло дар ин масъала ишколе вуҷуд надорад.
Ҳ. Ю. Файзбахш ИН-ро ба ноҳақ аз узвият хориҷ шудани Ҳабибулло Нозирӣ муҷрим медонад. Барои он ки хонанда аз асли гап бохабар бошад, кӯтоҳак ин масъаларо тавзеҳ медиҳам. Ҳабибулло Нозирӣ ҳам барои навиштаҳои камарзиш ва аслан барои рафтори ба шаъни адиб норавояш аз Иттифоқ хориҷ карда шуд. Тасаввур мекунед инсонеро, ки дар мансабҳои баланд — сармуҳаррири ҳафтанома, чанде вакили парлумон, аз он камтар муовини раиси кумита кор кунаду ба куф-суфу муллоӣ, фолбиниву ҷодугарӣ машғул гардад? Ин дар замоне, ки неруи маънавии Ҳукумати мамлакат ба решакан гардондани хурофоту зиёдаравиҳои динӣ равона гардида, шахсони амалдору масъуле чун нафари мазкур бояд дар маркази ин муборизаҳо мебуданд. Оё шоир ё нависандаи шинохтаеро дидаед ва ё шунидаед, ки бо даму дуо мардумро гӯл зада, ба ҷои ба рӯшноӣ баровардан, онҳоро ба сӯи ҷаҳолату торикӣ тела бидиҳад? Шахсе, ки ба симмату манзалати худ эҳтиром намегузорад, зиёда аз ин, ба муқобили дарбоистҳои идеологии ҳамсафони худаш мебарояд, оё сазовори он аст, ки бо онҳо дар як созмон бошад? Албатта, не!
Воқеан, чаро Ҳ. Ю. Файзбахш маҳз аз шодравони мазкур ёд кардааст? Аввалан, барои он ки раги ҳамдиёриаш ҷунбидааст ва баъдан худ низ на Рӯдакиву Фирдавсӣ, Носири Хусраву Низомӣ, Саъдиву Ҳофиз… балки Карим-Девонаро пиру роҳнамову устоди маънавии худ медонаду бинобар мавзӯъ ва мазмуни дурусте пайдо накардан гаштаву баргашта ва бечораҳолона дар бораи ин бадеҳагӯи бечораи халқӣ, ки ба тадқиқи рӯзгору осораш Ҳабибулло Назаров бо қиссаи олиҷанобаш нуқта гузошта буд, рӯ меорад.
Дар хотима гуфтан мехоҳам, ки ба хотири минбаъд такрор наёфтани чунин ҳодиса шӯроҳову бахшҳои адабӣ ва шуъбаҳои вилоятии Иттифоқи нависандагон дастур гирифтанд, ки талаботи Низомнома дар бобати қабул ба узвияти созмонро ҷиддан муроот намуда, минбаъд ҳуҷҷати шахсони синнашон аз 55-сола болоро қатъиян қабул нанамоянд. Зеро таҷрибаи зиндагӣ ва эҷод дар тӯли таърих борҳо собит кардааст, ки асосан адиби мешуданӣ дери дераш то чилсолагӣ шуҳрат меёбаду аз ҷониби ҷомеа эътироф мегардад. Ин талаб адибони ҷавонро ҳам водор менамояд, ки ба кори эҷодӣ ва нашри асарҳои худ ҷиддитар машғул гашта, дар тарғиби адабиёт ва ҳаёти адабии мамлакат ҳар чӣ бештар фаъол бошанд.
Ато Мирхоҷа, муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ