Посухи асоснок ба иддао дар бораи роҳи алтернативӣ
Аслан ягон роҳ бепул нест. Шаҳрвандон – истифодабарандагон бо роҳу василаҳои гуногун дар нигоҳдории роҳ саҳм доранд. Дар ин самт таҳким бахшидани ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ ба манфиати кор аст. Дар заминаи ин ҳамкорӣ баҳри беҳбуд бахшидани вазъи иҷтимоӣ – иқтисодии шаҳрвандон шароит фароҳам меояд. Таҳкими ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ дар самти ҷоринамоии низоми толллингии идоракунии роҳҳо яке аз роҳҳои ҳалли мушкилоти мавҷуда аст. Ҷоринамоии ин таҷриба дар дигар роҳҳои мамлакат ва дигар кишварҳои ИДМ кори муҳим маҳсуб мешавад.
Агар масъаларо мухтасар шарҳ диҳем, пас зикр бояд кард, ки роҳи автомобилгарди ба консессия супоридашуда – яке аз шаклҳои нигоҳдории роҳи автомобилгард маҳсуб мешавад, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи консессияҳо» тибқи шартномаи консессионӣ бо пешниҳоди ҳуқуқи истифодаи самараноки муваққатӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (конседент) ба шахсони воқеӣ ва ҳукуқӣ ё шахсони хуқуқии хориҷӣ (консессиядор) барои нигоҳдорӣ ва хизматрасонӣ вогузор шудааст. Роҳҳои автомобилгарди ба истилоҳ пулакӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард, суръат бахшидан ба инкишофи шабакаҳои роҳҳои автомобилгард дар заминаи ҷалби ҷалби сармояи хориҷӣ ташкил мешаванд.
Маъмулан ҳукумати кишварҳои рӯ ба рушд дар заминаи татбиқи чунин лоиҳаҳо, ки аксар маврид бо ҷалби сармояи хориҷӣ амалӣ мешавад, ҳолати роҳҳоро беҳтар менамояд. Бояд дарк намуд, ки чунин тарзи кор (манзур ҷорӣ намудани низоми толлингии истифодаи роҳҳо аст) дар ҳар кишвар махсусияти худро дорад.
Баъзе ҳоло низ иддао мекунанд, ки бидуни мавҷудияти роҳи алтернативӣ ҷорӣ намудани низоми толлингӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи матлаб нест. Ин тоифа шояд намедонанд, ки роҳи Душанбе – Чанок аз лиҳози релефи ҷойгиршавӣ махсусияти худро дорад, ки мавҷудият ва истифодаи роҳи алтернативиро зери суол мебарад. Бояд дарк намуд, ки дар баландии зиёда аз 3000 метр аз сатҳи баҳр эъмор намудани роҳи ба истилоҳ «алтернативӣ » мантиқан ва моҳиятан зери суол аст. Дар он сурат барои мавҷудияти роҳи пулакӣ чӣ зарурат мемонад?
Сониян, бунёди роҳи алтернативӣ, хоса масири Душанбе — Чанок, ки аз минтақаи релефаш душвори кӯҳистон мегузарад, кори саҳлу сода нест. Муҳимтар аз ҳама, нигоҳдории роҳи «алтернативӣ» низ хароҷоти бенищоят зиёд дошта, сарбории масрафи маблағҳои буҷавиро зиёдтар менамояд. Мантиқан пулакӣ шудани роҳ низ ба хотири сарфа намудани маблағҳои Буҷети давлат ва минбаъд равона намудани он ба самтҳои дигар, аз ҷумла, пардохти қарз, амалӣ шудааст.
Ба ибораи дигар, дар заминаи шарикии Давлат ва бахши хусусӣ ин вазифа (нигоҳдории роҳ) ба зиммаи дувуми вогузор гардид. Мисоли дигар, дар Федератсияи Россия роҳи Москва – Санкт Петербургро, ки роҳи алетернативӣ дошт, пулакӣ карданд. Гузашти вақт нишон дод, ки аз роҳи алтернативӣ, яъне бепул хеле кам истифода мешавад. Аз тарафи дигар, бо истифодаи роҳи алтернативӣ шаҳрвандон бо назардошти хароҷоти сӯзишворӣ, фарсудашвии автомобил ва ғайра бо мақоли халқии “хасис ду маротиба пардохт мекунад” “татбиқ” менамоянд.
Лозим ба ёдоварист, ки Ҷумҳурии Беларус, ки аввалин шуда, дар миёни давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ин низомро ҷорӣ намуда буд, айнан ҳамон ҳолате ба миён омад, ки солҳои аввали фаъолият роҳбарият ва кормандони «IRS» бо он мувоҷеҳ буданд. Мардум то андозае норозӣ буданд. Табиист, ки марҳилаҳои аввали ислоҳот ва амалигардонии чунин лоиҳаҳо мушкилот, ба монанди норозигии шахсони алоҳида, ки асосан манфиатҳои шахсиашонро аз манфиатҳои ҷомеа боло мегузоранд, ба миён меорад. Бо мурури вақт ин низом натиҷаҳои мусбат ба бор оварду мардум низ муътақид гардиданд, ки қисмати аъзами пули пардохтнамудаашон барои дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳ ва боқимонда барои ташкили инфрасохтори нигоҳдории он ва харидории техникаву механизмҳои пуриқтидори замонавӣ харҷ мешавад.
Дар кишвари мо низ солҳои аввали ҷоришавӣ ин иқдом бо бархӯрд ва дар баъзе ҳолат назарҳои интиқодӣ рӯ ба рӯ буд. Аксарият ба ном мунаққидон иддао доштанд, ки ин роҳ аз ҳисоби давлат сохта шудаасту чаро онҳо барои истифодааш маблағ пардохт намоянд? Монеаҳои сунъии зиёде буданд, ки аз тарафи намояндагони баъзе сохторҳои давлатӣ низ эҷод мегардид. Он рӯзҳо гузашт ва хушбахтона, мардум пурра моҳият ва муҳимияти ва фаъолияти филиали Ширкатро дарк намуданд.
Мақолаҳои дар воситаҳои ахбори омма нашршуда аз он шаҳодат медиҳад, ки дар давоми 6 соли охир аз ҷониби соҳибназарон, хоса онҳое, ки қаблан филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро танқид мекарданд, эътироф гардид, ки бинобар надоштани нигоҳбони масъулиятшиносе чун «IRS» роҳҳои дигаре, ки ба тозагӣ навсозӣ шудаанд, дар муддати кӯтоҳ рӯ ба вайронӣ оварда, аксарият вазъи ногувор доранд. Ҳамрадиф бо ин, пешниҳод шуда буд, ки механизми пулакии истифодаи роҳ дар дигар роҳҳои мамлакат низ мавриди истифода қарор гирад.
Баъд аз 15 соли фаъолияти пурмаҳсули «IRS» ва бо истинод ба махсусияти ҷуғрофиву иқлимӣ ва ғайра метавон гуфт, ки ҷоришавии истифодаи пулакии роҳи Душанбе – Чанок асоснок ва тадбири оқилона аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ