Посухи дандоншикани Президент

Тавре қаблан Pressa.tj хабар дода буд, роҳбари Кумитаи Думаи давлатии Русия оид ба маориф ва илм Вячеслав Никонов дар телевизион гуфта буд, ки қаламрави Қазоқистон тӯҳфаест аз ҷониби Русия. Пас аз ин суханон, Вазорати корҳои хориҷии кишвар кордори муваққатии Русия Александр Комаровро даъват намуда, ба ӯ нотаи эътироз супурд. Президенти Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Токаев 5 январ дар рӯзномаи “Egemen Qazaqstan”(“Қазоқистони соҳибистиқлол”) мақолае нашр кард,ки дар он таъкид мекунад: «Ҳеҷ кас аз берун ба мо замин туҳфа накардааст. Мардуми қазоқ дар он ҷо асрҳои зиёд зиндагӣ мекарданд”. Роҳбари Қазоқистон заминеро, ки аз ниёгон мерос мондааст, сарвати асосии давлат номид ва дар мақолааш навиштааст” Ҳеҷ кас чунин як қаламрави азимро аз берун ба қазоқҳо надодааст. Таърихи мо аз солҳои 1991 ё 1936 ҳисоб карда намешавад”. Тибқи гуфтаи Токаев, мардум дар ин сарзаминҳо дар замони “Ордаи тиллоӣ” (“ Золотая орда”), хонигарии турк ва аз замони гуннҳо ва сакҳо зиндагӣ мекарданд. Вай даъват кард, ки бо «баъзе хориҷиён», ки ба тамомияти арзии кишвар шубҳа доранд ва муносибатҳои неки ҳамсоягиро барҳам мезананд, муқобилат кунанд. Президенти Қазоқистон афзуд, ки кишвари ӯ бо дигар кишварҳо баҳси ҳудудӣ надорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *