Поягузори мақомоти гумрук. Генерал-майор Худойқул Ҳамроқулов 75-сола шуд
Ибтидои солҳои навадуми асри гузашта кишвари абарқудрати Шӯроҳо фано гардиду ҷумҳуриҳо роҳи мустақилиятро пеш гирифтанд. Дар баробари ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар кишвари мо майдоннишинию паси сангаршиниҳо оғоз ёфт. Пойтахти кишвари тозаистиқлоли моро оташи ҷанги шаҳрвандӣ фаро гирифт. Сохторҳои бонуфуз фалаҷ буданду ҳангоматалабон бетараф.
Силоҳбадастону ғоратгарон кишварро талаву тороҷ мекарданду аксарият фикри тарки Ватанро дар сар мепарвариданд. Вале родмардоне чун Худойқул Ҳамроқулов, ки воқеан сиришташон тоҷикона аст, ба ивази машаққатҳо, ки ҳар рӯзаш як китоб бишавад, ҷумҳуриро нигаҳдорӣ мекарданд, паҳлуи роҳбарияти тозаинтихобшудаи ҷумҳурӣ қарор доштанд ва садди роҳи силоҳбадастони ғоратгар ва дузду хоин мегаштанд, то кишвари захмҳояш зиёд гардида абгортару беҳолтар нашавад…
Дар ҳамин давраи ҳассос дарвозаҳои кишвар ва калиди он, яъне мақомоти гумрук ба дасти Худойқул Ҳамроқулов дода шуд. Яъне, соли 1992 ба вазифаи Сардори Саруправленияи назорати гумруки назди Девони вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.
Аз даврони Шӯравӣ ҳамагӣ як дидбонгоҳи гумрукии Панҷи поён мерос монда, ду-се ҳуҷраи иҷора ва як автомашинаи буфераш шикаста дар ихтиёраш буд ва дигар ҳеҷ. Ҳамроқулов кӯшиш ба харҷ медод, ин мақомоти навтаъсисро, ки ҳамчун кӯдаки навзод буда, ба пой рост бимонад…
Чунин масъулияти сарнавиштсозро роҳбарияти ҷумҳурӣ дар он даврае ба дӯшаш гузошта буд, ки заминаҳои меъёрию ҳуқуқии мақомоти гумрук мавҷуд набуд. Танҳо тоқату бурдборӣ, матонату мардонагӣ ва донишу малакаи кофӣ метавонист ин ҳамаро ба миён биёрад.
Ӯ дар давоми фаъолияти кориаш дар мақомоти амният хуб дарк намуда буд, ки асоси пешбарандаи ҳар мақомот аз мутахассиси болаёқату соҳибтаҷриба вобастагии амиқ дорад. Бинобар ин, дар ҷустуҷӯи нафарони соҳибихтисос шуд. Ба ҳуқуқдонҳои шоиста ва номзадҳои илм диққати махсус медод. Кадрҳои болаёқату таҷрибадорро аз мақомоти гуногун даъват мекард. Ҳуқуқшиносу иқтисодчиёни ихтисосмандро интихоб менамуд ва муваффақ мешуд.
Барояш вожаи маҳалгароиву миллатчигӣ бегона буд. Ва гарчи хуни нофаш дар хоки поки водии Зарафшон рехта, ӯ ифтихори мардуми Хатлонзамин буд, диловариро аз онон, сарбаландиро аз баландкуҳҳои Бадахшон, матонатро аз мардуми ин диёр, ғуруру устувориро аз зодагони Раштонзамин, дарси ҳунару эҷодкориро аз сокинони Истаравшан ва собириро аз аҳли Хуҷанди бостон омӯхтанро талқин мекард…
Тарбияи ҷавононро дӯст медошт, шогирдонаш низ ҳурмати варо пос медоштанд. Зиёда аз дувоздаҳ нафар шогирдонаш ба гирифтани унвони генералӣ муваффақ шудаанд.
Кормандонро эҳтиром менамуд, муомилаи хуб дошт ва намегузошт, ки касе ба иззати нафси зердастонаш бирасад. Бо маҳорати волои роҳбарӣ, дониши амиқ, дурандешии касбӣ ва таҷрибаи рӯзгор тавонист дар дили зердастон маъво бигирад.
Гӯиё модар ӯро танҳо барои кор зода, ки варо ҳатто нимашаб дар утоқи кориаш медиданд андармони ташвишҳои ҳамарӯза. Ҷои хобаш ҳуҷраи кораш, болинаш бастаи ҳуҷҷатҳо шуда буд.
Дар натиҷа кор пеш мерафт, ӯ тавонист мутахассисони соҳибихтисоси беҳтарин ва қавииродаро аз минтақаҳои гуногуни кишвар, табақаҳои гуногуни қишри ҷомеа ва миллату халқиятҳои гуногун гирди худ ҷамъ биоварад ва ба таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти гумрук ва тақвияти сохтори навтаъсиси мақомоти гумрук машғул шавад.
Албатта, барои дар сатҳи меъёрҳои байналмилалӣ иҷро намудани вазифаҳои ба зиммаи мақомоти гумрук вогузоршуда монеаҳо вуҷуд доштанд. Ва ин монеаҳо на танҳо аз заифии иқтисодиёт, балки аз зиёд шудани амалиёти ҷинояткорона дар муқобили гумрук бармеомаданд.
Дар он шабу рӯз, ки ҷумҳурии тозаистиқлолаш дар оташи ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ месӯхт, бунёди чунин мақомоти навтаъсис осон ҳам набуд. Қувваҳои дохиливу хориҷӣ ва як қисмашон мусаллаҳ кӯшиши бе расмиёти гумрукӣ ба хориҷи кишвар баровардани маводу маҳсулоти гуногунро мекарданд ва дар рафти амалиёти ҳарбӣ моликияти гумрукро тороҷ месохтанд. Гуруҳҳои иртиҷоӣ бо ҳар роҳу васила мехостанд садди роҳи ташаккулёбии гумруки навбунёд гарданд. Ҳатто ба таҳдиду куштори гумрукчиён даст мезаданд.
Рӯзе набуд, ки даҳ — понздаҳ маротиба таҳдидҳоро таҳаммул нанамояд. Дашном мешунид, таҳдиди ҷонаш мекарданд, ҳатто таҳдиди аз вазифа дур афкандан. Ба таҳдидҳои рӯйрост ва ё телефонии гуруҳҳои манфиатҷӯ бо сабру нотарсона, бо як ҳисси ватандорию ватанпарастӣ ва хештаншиносӣ ҷавоб дода, онҳоро ба таҳаммулу оромӣ даъват менамуд.
Он шабу рӯзҳо мақомоти гумруки ҷумҳурӣ муқобили ҷинояткорони иқтисодӣ қарор доштанд.
Гуруҳҳои ҷиноятпеша ба сӯхтору куштор машғул шуда, ба таҷҳизоту биноҳои гумрукӣ зиёни иқтисодӣ мерасониданд. Дидбонгоҳи гумрукии дар минтақаи истгоҳи роҳи оҳани «Душанбе-2» бударо сӯзонида, бинои дидбонгоҳи гумрукии Панҷи поёнро ба тасарруфи худ дароварданд.
Дар минтақаи Панҷи поён хадамоти дарёии кишварҳои Туркманистону Ӯзбекистон мехостанд баржаҳоро, ки аз Иттиҳоди шӯравӣ ба мерос монда буд, ба кишварҳояшон баранд, вале кормандони мақомоти гумрук истодагарӣ карда, пеши роҳи онҳоро гирифтанд… Дар ҳамон шабу рӯзҳо агар баржаҳо намебуданд, робита бо Ҷумҳурии Афғонистон канда гардида, гардиши молу воситаҳои нақлиёт коҳиш меёфт.
Дар ноҳияи Мурғоб сокинони маҳаллӣ мехостанд Институти омӯзиши нурҳои осмониро, ки бо қурғошими ғафс рӯйпӯш буд, канда ба хориҷи кишвар фурӯшанд. Дар натиҷаи ба роҳ мондани амалиёти фаврӣ — ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони мақомоти гумрук пеши роҳи ин қонуншиканиҳо гирифта шуд.
Таҳдиду шиканҷаҳо ва сӯиқасд ба ҷони кормандони мақомоти гумрук ҳодисаи маъмулӣ шуда буд. Муовини аввали раиси Кумитаи гумрук, намояндаи мардумӣ Мавлон Олимов, сардори раёсати фаврии гумрукӣ дар роҳи оҳан Алмос Гадоевро ба қатл расониданд, нозири калони гумрук Назирмат Гулматов беному нишон ғайб зад, сӯиқасд ба ҷони муовинони дигар Сайиданвар Камолов, Тоҳирҷон Орифов ва дигар кормандони масъули гумрук тарҳрезӣ гардида буд.
Дар натиҷаи сӯиқасди ин ноҷавонмардон Тоҳирҷон Орифов захми руҳию ҷисмонӣ бардошта, баъди беморӣ вафот кард.
Ҳамроқулов то ҳол он ҳамсафонашро, ки бо баҳои ҷон амнияти иқтисодии кишварро ҳифз намуда, бо ору номуси ватандорӣ номи гумрукро нек нигоҳ доштаанд, ёд меорад ва ҳангоми сухан дар бораи онҳо рафтан чеҳрааш маҳзун гардида, чашмонаш нам мегиранд ва афсӯсомез пичиррос мезанад: “Ёдашон ба хайр, охираташон обод бод!”.
Хуллас, Ҳамроқулов бо тамоми ҳастияш ҳамроҳи шогирдон шаборӯзӣ заҳмат мекашид, то оромиву ҳамдигарфаҳмӣ ҷои хавфу хатарро бигирад.
Дар ибтидои таъсисёбии мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон мафҳуми интернет барои мо бегона буд. Таъмин ва хизматрасонии алоқаи фаврӣ яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи мақомоти гумрук маҳсуб меёфт. Дар ин давраи басо ҳассос барои фаъолияти мақомот маълумоти фаврӣ беҳад зарур буд.
Вазъи сиёсиву иқтисодии ҷумҳурӣ торафт мураккаб мешуд. Дар шароити куҳистон барқарор намудани алоқаи фаврӣ хело душвор буд, кормандони гумрук таҳти фишори қувваҳои силоҳбадаст қарор мегирифтанд. Полковники балвогар Худойбердиев силоҳҳои кормандони Раёсати Хатлонро кашида гирифт. Собиқ раиси ноҳияи Турсунзода Бойматов Ибод дастгоҳи марказии Раёсати минтақавии гумрукии ин ноҳияро оташ заданӣ шуд.
Ҷиҳати пешгирии чунин қонуншиканиҳо алоқаи фаврӣ хело муҳим буд. Барои роҳбарӣ ва пешбурди фаъолияти шуъбаи алоқаи фаврӣ шахси кордону таҷрибадор Шамсов Баҳром Ятимович ба кор даъват карда шуда, 6 нафар кормандони соҳибихтисос ба кор қабул карда шуданд. Мутахассисон дар минтақаҳо низ ба кор ҷалб шуданд. Гоҳе вақтҳо аз раёсат, шуъба ва дидбонгоҳҳои гумрукӣ маълумотҳо бо таъхир ба Дастгоҳи марказӣ ворид мегардид.
Худойқул Ҳамроқулович барои ташаккул ва азнавсозии системаи алоқаи фаврӣ аз ҳисоби махсуси мақомоти гумрук маблағ ҷудо намуда, дар ҳамкорӣ бо кормандони соҳибтаҷрибаи мақомоти гумрук ҷиҳати пешбурди системаи мазкур мутахассисони ширкати «ARROV-ELEKTRONIСS»-ро даъват кард ва дар мақомоти гумрук истифодаи диапазони УКВ ба роҳ монда шуда, бо раёсатҳои минтақавӣ алоқаи радиомодемӣ барқарор карда шуд.
Системаи алоқаи фаврии мақомоти гумрук дар баробари ба таъмини амнияти иқтисодӣ ва ҳифзи манфиатҳои иқтисодии Тоҷикистон, ташкили назорати гумрукӣ, пешгирии муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ заминаи мусоид муҳайё намудан, дар барқарорсозии сохти конститутсионӣ ва баргардонидани гурезаҳо аз Ҷумҳурии Афғонистон низ дар ҳамкорӣ бо мақомоти амният корҳои дохилӣ ва корҳои хориҷӣ системаи алоқаи мақомоти гумрук мавриди истифода қарор дода шуд.
Дар баробари ин, бояд сохтори мақомоти гумрук, заминаҳои моддию техникии он ба танзим дароварда шуда, самтҳои дигари фаъолияти он такмил дода мешуд. Барои ин санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти мақомоти гумрук зарур буд.
Генерал Ҳамроқулов тамоми ҳастияшро барои таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва бунёди мақомоти гумрук равона намуда, бо дастгирию кумаки роҳбарияти ҷумҳурӣ ва меҳнати содиқонаи ҳамкасбонаш, бидуни рухсатию истироҳат заҳматҳо мекашид. Дар натиҷаи ин талошу заҳматҳо тавонист мақомоти гумрукро чун як мақомоти қудратманд такмил диҳад. Вай медонист, ки самараи фаъолияти мақомоти гумрук аз татбиқи сиёсати гумрукии давлат ҷиҳати танзим ва такмили равобити иқтисодии хориҷӣ, ҷамъоварии пардохтҳои гумрукӣ, пешгирии интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаовар ва ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ вобастагии амиқ дорад.
Бо мақсади такмили ихтисоси кормандони соҳа, дар мақомоти гумрук курсҳои такмили ихтисос ташкил карда, бо омӯзгорони ҳуқуқдону иқтисоддон ва фаъолияти гумрукӣ таъмин карда мешуд. Мувофиқи созишномаҳо кормандони гумрук дар Академияи гумруки Русия ва донишкадаҳои дохилиҷумҳуриявӣ такмили касбу пеша мекарданд.
Бо дастгирию кумаки ҳамтоёнаш аз мақомоти гумруки Русия кормандони гумрукро бо сарулибоси низомӣ таъмин намуда тавонист. Бо шарофати ӯ дар маркази шаҳр гумрук биноеро соҳиб шуд, ки тарҳи нодир дошт ва пурҳашаму зебо буд.
Мақомоти гумрук дар баробари ҷумҳурии тозаистиқлоли тоҷикон, сол аз сол қомат меафрохт. Пеши роҳи қочоқчиён гирифта мешуд. Назорат ва расмиёти гумрукӣ ба танзим меомад. Ба хазинаи давлат пардохтҳои гумрукӣ торафт зиёдтар ворид мегардид.
Вале, мутаассифона, бо ғаразу манфиатҳои шахсӣ дар мақомоти давлатӣ масъулине бошанд, ки аз манфиатҷӯён ҷонибдорӣ мекунанд.
Баъзе қарорҳои вобаста ба равобити иқтисодии хориҷа ба шароити Тоҷикистон мувофиқ намеомаданд, шояд бо назардошти манфиатҳои шахсӣ, ин қарорҳоро зумрае ба худашон мувофиқ сохтанӣ буданд.
Бо мақсади пеши роҳи ин каҷравиҳоро гирифтан ва танзими механизми равобити иқтисодии хориҷӣ мақомоти гумрук соли 1994 бо 63 пешниҳод ва дар нуҳ моҳи соли 1995 бо 64 пешниҳод ба мақомоти ҳукуматӣ муроҷиат намуд.
Бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мушкилиҳо паси сар гардида, гумрук — ташкилоти кӯчаке, ки ҳамагӣ чанд дидбонгоҳи гумрукӣ дошт, дар муддати чанд соли аввали таъсисёбиаш ба мақомоти муқтадири дорои 5 раёсати минтақавӣ, 12 шуъбаҳои ноҳиявӣ ва қариб 100 дидбонгоҳи гумрукӣ табдил ёфт.
Масъалаҳои дохилӣ дар як сатҳи муайян қарор гирифта, зарурияти масъалаҳои таъмини иштироки бонуфузи Тоҷикистон дар созишномаҳои байналмилалии соҳаи гумрук пеш омад. Дар натиҷаи танзиму ҳамоҳангсозии саривақтии санадҳои меъёрии ҳуқуқии лозима аз ҷониби мақомоти гумрук, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор созмону конвенсияҳои байналмилалӣ ҳамроҳ гардид.
Дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор масъалаҳои воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Иттиҳоди гумрукӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт ва ҷиҳати ин масъала лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ омода карда шуд.
Ба туфайли саъю кӯшиш ва талошҳои пайгиронаи ин марди шариф мақомоти гумруки Тоҷикистон дар доираи Шӯрои роҳбарони хадамоти гумруки кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил обрӯю эътибори хосро касб намуд.
Дар дохили кишвар масъалаи таҷҳизонидани дидбонгоҳҳои гумрукӣ ва ҷобаҷогузории кадрҳо ҳамеша таҳти назари ин марди ватандӯст меистод, зеро меҳмонони кишварҳои хориҷӣ нахуст аз қаламрави гумрук гузар намуда, одоби муошират, низоми коргузорӣ, хулоса, таассуроти наҷибро маҳз аз ҳамин марз ба кишварҳои худ мебаранд.
Шогирдонаш анъанаҳои беҳтарини поягузори гумрукро идома дода, бо истифода аз захираҳои мавҷуда иҷрои нақшаи пешбинишударо маҳаки фаъолияти ҳамарӯза дониста, ба он мекӯшиданд, ки дар таҳкими қонуният, таъмини амнияти иқтисодӣ, мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир пешоҳанг бошанд.
Тибқи маълумоти дақиқ, як гуруҳ қочоқчиён аз бесарусомониҳои мавҷуда истифода бурда, кӯшиши бо роҳҳои пинҳонӣ баровардани маҳсулоти хоми кишвар — пахтаро мекарданд. Арзиши пахта дар бозорҳои ҷаҳонӣ бо доллар муқаррар шуда, аз фурӯши он бояд давлат даромади зиёд ба даст меовард. Вале аз даромади он танҳо қочоқчиён фоида медиданду халос.
Генерал Ҳамроқулов ҳатман кормандони мутасаддиро ба машварат даъват намуда, масъалаи мазкурро ба муҳокима гузошта буд. Дар натиҷаи андешидани як қатор чораҳои фаврӣ, ба монанди бақайдгирии марказонидашуда, муқоисаи мутақобилаи масрафи квота ва ҳуҷҷатҳои молҳои содиротӣ, пурзӯр намудани назорати гумрукӣ ва чораҳои дигар, пеши роҳи қочоқчиён гирифта, интиқоли ғайриқонунии пахта ва дигар молу воситаҳои нақлиёт ба қадри имкон боздошта шуд. Ҳодисаҳои қочоқи молу маҳсулот ошкор карда шуда, нисбати қонуншиканон парвандаҳои ҷиноӣ оғоз карда шуд. Дар натиҷаи тафтиши кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ якчанд нафар шахсони ҷинояткор ба ҳабс гирифта шуданд. Вале ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, силоҳбадастон бо зӯру таҳдид пахта, пӯст, шикастапораҳои металлҳои ранга ва дигар молу маҳсулотро ғайриқонунӣ ба хориҷи кишвар интиқол медоданд.
Ин масъала низ ҳалли худро дарёфт. Дар як муддати кӯтоҳ бо мақсади пешгирии чунин ҳуқуқвайронкуниҳо бо мақомоти гумруки кишварҳои ҳамсарҳад созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд ва самараи дилхоҳ дод. Акнун бори ба таври қочоқ интиқолшуда дар дидбонгоҳҳои сарҳадии кишварҳои ҳамсарҳад ба даст гирифта мешуд.
Барояш дар он шабу рӯзҳо ин вазифаи масъул на саҳнаи худнамоӣ ва кибру ғурур, балки саҳнаи нангу номуси ватандорӣ буд. Бо зӯриву тиру туфанг Ватанро наметавон обод кард, танҳо бо иттиҳод, ваҳдат, якдилӣ, хештаншиносӣ метавон ин Миллату кишвари ба ҷон баробарро ободу гулшукуфон намуд.
Дар муддати аз нуқтаи назари таърих начандон зиёд, бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Тоҷикистон ва Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи мушкилиҳо паси сар гардида, мақомоти дар пойдевори мустаҳкам бино намудаи ин марди шариф ба як фишанги муҳими татбиқи сиёсати иқтисодии кишвар ва институти муқтадири таъминкунандаи амнияти иқтисодиву тиҷоратӣ ва фарҳангиву иҷтимоӣ мубаддал гашт.
Зиндагӣ барои инсон имтиҳони бузургест. Шахс дар оғӯши зиндагӣ новобаста аз пастию баландиҳо, шодкомию нокомиҳо, некию бадиҳо камолу обутоб меёбад.
Устод ҳаёти пурбаракати хешро барои мардуми ин сарзамин, барои миллати бузургвор ва безаволи тоҷик бахшида, баҳри ҳифзи амнияти иқтисодию миллӣ мӯйҳои сар сафед намуд ва аз лейтенанти хурд то ба мақоми генералӣ расид.
Барои ин родмард мафҳумҳои ҷавонмардию ватанпарварӣ муқаддас буда, шогирдону дӯстонашро низ ба ин ҷода ҳидоят менамояд ва барои онҳо намунаи ибрат мебошад.
25-уми марти соли равон фарзанди барӯманди миллат, шахсияти шинохта, ходими давлативу ҷамъиятӣ, генерал-майор, устоди муҳтарам Худойқул Ҳамроқулович ба синни мубораки 75 қадам мениҳанд. Устодро муборакбод намуда, барояшон саломатӣ, хушбахтӣ ва барори кору саодати рӯзгор орзумандем.
Мавлуд муборак, устоди азиз!
Афсар САРМАД
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ