Пойгаи муҳоҷири тоҷик бо полиси рус
Пулиси вилояти Брянски Русия ду видеои таъқиб ва боздошти мошинеро, ки ронандааш як ҷавони 19-сола аз Тоҷикистон буд, нашр кард. Ин «пойга» соати сеюними шаб сурат гирифт. Ҷавони тоҷик ҳоло ба 10 рӯзи ҳабс маҳкум шуда, ба ӯ 50 ҳазор рубл ҷарима таҳдид мекунад.
Маркази матбуоти пулиси роҳ (УГИБДД)-и вилояти Брянск тавассути нашрияи маҳаллии «Наш Брянск» ду видеои «пойгаи шабона» байни корвони мошинҳои пулис ва мошини як шаҳрванди 19-солаи Тоҷикистонро нашр кард.
Пулиси роҳи вилояти Брянск мегӯяд, ин ҷавони тоҷик шаби 6 сентябр, соати 03-39 аз як қаҳвахона баромада, пушти фармони мошини «ВАЗ 2109» нишаст.
Дар шоҳроҳи Погар — Почеп патрули ДПС мошинро манъ кард. Вале ҷавони тоҷик ба ин амр итоат накарда, бо суръати баланд рӯ ба фирор овард.
Кормандони пулис ба таъқиби вай пардохтанд. Дар ҷараёни ин таъқиб ҷавони тоҷик чандин бор қоидаҳои ҳаракат дар роҳро дағалона вайрон карда, ҳолатҳои садамавӣ ба вуҷуд овард ва аз ҷумла чанд дафъа қариб буд бо мошинҳои пулис бархӯрд кунад.
Дар ниҳоят ба корвони мошинҳои пулис муяссар шуд, ки ронандаи тоҷикро ба як канор танг кунанд. Ӯ дигар аз ӯҳдаи идораи мошин набаромад ва ВАЗ-2109 дар чуқурии канори роҳ дармонд.
Кормандони пулис баъди ин ҷавони тоҷикро дастгир карданд. Пулиси Брянск мегӯяд, маълум шуд, ки ӯ ҳаққи идораи мошинро надошт. Ҷавони тоҷик аз гузаштани ташхис дар мавриди истеъмоли машрубот сарпечӣ кардааст.
Додгоҳи Брянск ӯро ба мӯҳлати 10 рӯз ба ҳабс гирифт. Ба зидди ҷавони тоҷик парвандаи маъмурӣ нихз оғоз кардаанд ва ӯро метавонанд то 50 ҳазор рубл ҷарима банданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ