Пойгаи муовини додситон ва марги духтари 25-сола

Дар ноҳияи Шараф-Рашидови вилояти Ҷизахи Ӯзбекистон 16 сентябр муовини додситони ноҳия ҳангоми пойгаи мошинронӣ бо рафиқонаш духтари 25-солаеро, ки дар канори роҳ буд, пахш кард. Ба гуфтаи шоҳидон, духтар дар маҳалли ҳодиса ҷон додааст.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Шараф-Рашидов садамаи маргбор бо иштироки муовини додситони ноҳияро тасдиқ карданд, вале гуфтанд, хабарҳо дар бораи пойгаи марговари корманди додситонӣ ҳақиқат надоранд.

«16 сентябр муовини додситони ноҳияи Арнай бо мошини Nexia дар кӯчаи «Пахтакор» пойга карда, духтари 25-солаеро пахш мекунад. Духтар дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, муовини додситон феълан дар беморхона аст», — гуфт як сокини Ҷизах.

Вале мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фарзияи дигареро пешниҳод мекунанд. «16 сентябр дар роҳи мошингарди Пахтакор-Ҷизах мошини DaimlerBenz 210 СПГ мошини таҳти идораи муовини додситон Дилшод Каримовро гузашта, ногаҳон меистад, дар натиҷа Каримов идораи нақлиётро аз даст медиҳад ва шаҳрванд Г. Эгамбердиеваро пахш мекунад», — гуфт як корманди пулиси маҳаллӣ.

Дилшод Каримов 28 сол дошта, мошине, ки ӯ идора мекард, ба падараш тааллуқ дорад. Дар натиҷаи садама сари муовини додситон низ осеб дида, дар беморхона бистарист. Яке аз табибон гуфт, «Каримов аллакай ба ҳуш омадааст ва метавонад гап занад».

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *