Поёни гуфтушуниди муборизаи Бенавидес ва Андраде
Қаҳрамони муваққатии WBC дар вазни миёна Давид Бенавидес (27-0, 23 КО) ва собиқ қаҳрамони вазн Деметриус Андраде (31-0, 19 КО) дар марҳилаи ниҳоии музокирот қарор доранд. Дар ин бора дар “Твиттер” инсайдер Дэн Рафаэл хабар додааст.
Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, мубориза ба унвони яке аз намоишҳои PPV-и Showtime дар тирамоҳи соли ҷорӣ баргузор мешавад.
Бояд гуфт, ки Саул Алварес дорои унвони пурраи WBC дар вазни миёна мебошад. Маҳз бо ӯ ғолиби ҷанг ҳалқаро тақсим мекунад.
Қаблан дар расонаҳо маълумоте пайдо шуда буд, ки Андраде дар моҳи сентябр барои мубориза бо Ҷермал Чарло розӣ шудааст ва Бенавидес барои мубориза бо Ҷейме Мунгуя музокира мекард.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки ин задухӯрд дар охири сол баргузор мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ