Президент ҳабс шуд, ҳукумат дар дасти ҳарбиён

Як қатор намояндагони ҳизби ҳукмрони Лигаи Миллии Демократия боздошт шуданд

Дар Мянма (Бирма) табаддулоти ҳарбӣ сурат гирифт .Баъд аз боздошти роҳаброни Мянма дар ин кившар ҳарбиён вазъи фавқулодда барои як сол ҷорӣ карданд . Онҳо амали худро посух ба дасисаҳои мақомот дар интихоботи парлумонӣ номиданд. Изҳороти афсарон тавассути телевизиони артиш пахш шуд, хабар медиҳад Синхуа. Агентӣ қайд мекунад, ки низомиён дар бораи интиқоли қудрат дар кишвар ба дасти фармондеҳи кулли қувваҳои мусаллаҳ Мин Аунг Ҳлайн хабар доданд. Қӯшунҳо аллакай дар атрофи бинои шаҳрдории калонтарин шаҳри кишвар -Янгон мустақар шуданд. Қаблан NEWS.ru хабар дода буд, ки шахсони номаълум президенти Мянма Вин Мин ва мушовири давлатӣ, сарвар Аун Сан Су Чиро боздошт кардаанд. Як қатор намояндагони ҳизби ҳукмрони Лигаи Миллии Демократия низ боздошт шуданд

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *