Президент Ҷабборов бегоҳӣ ба Душанбе меояд

Содир Ҷабборовпрезиденти Қирғизистон бегоҳи имрӯз, 28-уми июн бо сафари расмӣ вориди Душанбе-пойтахти Тоҷикистон мешавад. Аввалин сафари Ҷабборов ба ҳайси президент ба Тоҷикистон дар шароите сурат мегирад, ки муносибати Душанбе ва Бишкек дар масъалаи сарҳад сард шудааст.
Ҷениш Рустенбеков, сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон рӯзи 28-уми ию гуфтааст,ки Содир Ҷабборов бегоҳи имрӯз ба Душанбе мерасад ва фардо мулоқоту дидорҳояшро анҷом медиҳад.

Содир Ҷабборов соати 16 ба Душанбе мерасад. Дар назар аст, ки фардо соати 9 роҳбарони Тоҷикистону Қирғизистон дар Қасри миллат мулоқот анҷом диҳанд.масъалаи марз яке аз мавзуъҳои асосии гуфтугӯи фардои Преидкнтҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов хоҳад буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *