Президент 113 нафар ширкаткунандагони созмонҳои мамнӯъро афв кард

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи панҷшанбе фармонеро дар робита бо яке аз идҳои асосии миллӣ — Рӯзи истиқлолият бахшида, имзо кард, хабар медиҳад хабаргузории миллии УзА.

Рӯзи истиқлолият дар Узбакистон 1 сентябр таҷлил карда мешавад.
«Дар арафаи ҷашни Истиқлолият 113 нафар шаҳрвандон бо фармон авф карда шуданд, ки барои содир намудани ҷиноят ҷазоро дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ адо карда, аз корҳои кардаашон самимона изҳори пушаймонӣ кардаву ба роҳи ислоҳ қадам гузоштанд», — гуфта мешавад дар иттилоияи вебсайти УзА.

Аз афвшудагон панҷ нафар пурра аз ҷазо озод карда мешаванд, 53 нафар шартан озод карда мешаванд. Ғайр аз ин, мӯҳлати ҷазо дар намуди маҳрум сохтан барои 40 нафар кам карда шуда, ба 15 нафар ҷазои сабуктар иваз карда мешавад.

Гуфта мешавад, миёни афвшудагон, як нафари аз 60-сола боло, ду шаҳрванди давлати хориҷӣ, 105 нафар шаҳрвандоне, ки дар фаъолияти созмонҳои мамнӯъ ширкат варзиданд, мебошанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *