Президент 300 нафарро қадрдонӣ кард
Эмомалӣ Раҳмон, Президнти Тоҷикистон дар Қасри Миллат ба 300 нафар намояндагони касбу корҳои гуногун рутбаю ҷоизаҳои давлатӣ супорид. Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон бо нашри гузориши аксӣ аз маросими ҷоизасупорӣ изҳор доштааст, ки ҷоизаҳо дар баробари аъзои ҳукумат инчунин ба муаллим, олимон, санъаткорон, роҳсозон, соҳибкорон ва намояндагони касбу корҳои дигар супорида шуданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ