Президент аз мансабдорон дар ид талаби саховат дар кард
Эмомалӣ Раҳмон, президенти ҷумҳури Тоҷикистон, мардуми кишварро бо фарорасии иди саиди Фитр шодбош гуфта, ба хонадони ҳар як тоҷикистонӣ бахту саодат, сулҳу оромӣ ва хайру баракат орзу намудаст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошияш изҳор доштааст, ки “аз баракати истиқлолияти давлатӣ мардуми кишварамон дар баробари дигар ҳуқуқу озодиҳо аз озодии виҷдон ва эътиқоди динӣ низ пурра баҳравар мебошанд”.
Президент таъкид намудааст, ки мусулмонони кишвари мо пайравони ақидаву эътиқоди динии муътадил буда, ислом барои онҳо нишонаи имондорӣ, воситаи ғанӣ гардонидани ҷаҳони маънавӣ, тарбияи ахлоқи ҳамида ва қонеъ гардонидани ниёзҳои рӯҳонӣ мебошад: “Хотирнишон месозам, ки яке аз амалҳои неке, ки барои истиқболи шоистаи иди саиди Фитр дар миёни мардуми мо ҳукми анъана пайдо кардааст, хайру садақа кардан ба эҳтиёҷмандон мебошад. Дар Қуръони карим инфоқ, яъне хайру садақа кардан дар тамоми ҳолатҳо – дар шабу дар рӯз, пинҳону ошкоро ва ҳини тавонгариву аснои тангдастӣ таъкид шудааст. Аз ин рӯ, ҳар кас ба қадри тавону дороии худ дар садақа кардан кӯшиш ва ҷидду ҷаҳд ба кор мебарад, садақаи фитр медиҳад, хайрот мекунад, дар анҷом додани амалҳои хайр ва некӯкорӣ мекӯшад”.
Чуноне Эмомалӣ Раҳмон гуфт дар китоби илоҳӣ инсони садақадиҳанда ба донае монанд карда шудааст, ки аз он ҳафт хӯша мебарояд ва ҳар хӯшаи он сад дона дорад: “Маълум мешавад, ки Худованд барои ҳар садақа ҳафтсад баробар подош медиҳад. Ҳикмати садақа додан дар он аст, ки Офаридгор мо инсонҳоро таълим медиҳад: танҳо пайи нафси хеш набуда, дар фикри якдигар бошем, зеро инсоният танҳо дар ҳамбастагиву дастгирии ҳамдигар саодатманд хоҳад шуд”.
Президенти кишвар дар идома аз шахсони саховатманду ҳимматбаланд даъват намудаст, ки дар ин рӯзи саид ва дар рӯзҳои дигар низ дасти ҳиммати худро ба ятимону маъюбон, бепарасторону эҳтиёҷмандон ва оилаҳои камбизоат дароз карда, бо чунин иқдоми ҷавонмардона сазовори аҷру подоши бештар гарданд ва ба таҳкими боз ҳам бештари дӯстиву бародарӣ дар миёни ҷомеа ва суботу оромӣ дар кишвари азизамон мусоидат намоянд.
Эмомалӣ Раҳмон инчунин аз қонуни танзим ва сариштакорӣ зикр намудааст, ки ба гуфтаи ӯ баракати зиндагиро афзун мегардонад: “Дар робита ба ин, ба кулли ҳамватанони азиз, пеш аз ҳама, модарону хоҳарони муҳтарам такроран таъкид менамоям, ки дар рӯзи ид ҳангоми оростани дастурхони идона ба исрофкорӣ ва зоҳирпарастиву зиёдаравӣ роҳ надиҳанд ва фаромӯш накунанд, ки хоксориву сариштакорӣ яке аз хислатҳои беҳтарини мардуми мо буда, ба зиёд шудани хайру баракат дар ҳар хонадон мусоидат мекунад. Маблағҳои аз маъракаву чорабиниҳои серхароҷоту нодаркор сарфашударо, пеш аз ҳама, барои бартараф кардани камбудиҳои рӯзгор, беҳтар намудани шароити зиндагӣ ва таълиму тарбияи фарзандон, ки ояндаи мо мебошанд, сарф кардан ё дасти дармондаву муҳтоҷеро гирифтан айни савоб аст”.
Президент аз қавли волидон илова намудааст, ки беҳтарин ҳадяи волидайн ба фарзанд тарбияти хубу писандида аст ва агар шахсе фарзандашро хуб адаб омӯзад, беҳтар аз он аст, ки миқдори моле садақа диҳад: “Хусусан, дар шароити дунёи ноорому пурҳаводиси имрӯза ба таълиму тарбияи фарзандон, илму дониш ва касбу ҳунарҳои замонавиро аз худ кардани онҳо, инчунин, аз таъсири манфии фарҳанги бегона ва ҳар гуна ҳаракату нерӯҳои ифротиву тундгаро эмин нигоҳ доштани наврасону ҷавонон вазифаи аввалиндараҷаи падару модарон, аҳли маориф, шахсони калонсолу обрӯманд, зиёиёну фаъолон ва умуман, ҳар фарди бонангу номуси ҷомеа мебошад”.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ