Президент аз вазъи кишоварзии кишвараш норозист

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон 30 июл дар як ҷаласа бо ҳузури раисони ноҳияҳои кишвараш вазъи кишоварзиро танқид кард.

Вай аз вазъи техникаи кишоварзӣ изҳори норизоӣ кард. Ба гуфтаи Бердимуҳаммадов, техникаи кишти пахта ва ғалладона «ба таври комил дар дохили кишвар истеҳсол мешавад, аммо сатҳи омодагии тракторҳо, комбайнҳо, мошинҳои борбар ва ғайра хеле паст аст».

Роҳбарони вилоятҳои Туркманистон аз омодагӣ ба кишти тирамоҳӣ хабар доданд, аммо нагуфтанд, ки чӣ қадар ғалладона соли ҷорӣ ҷамъоварӣ шудааст.

Президенти Туркманистон рӯзи 5 июл гуфта буд, ки «мавсими ҷамъоварии ғалла ба интиҳо расидааст ва ҳосили ҷамъшуда далели он аст, ки кишвар амнияти озуқавориро таъмин карда метавонад».

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *