Президент: Аз зиёдаравию исрофкорӣ ва зоҳирпарастӣ худдорӣ кунед!
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон мардуми Тоҷикистонро бо фарорасии иди саиди Фитр- Рамазон табрик гуфта, даъват ба амал овард, ки дар айёми ид аз зиёдаравию исрофкорӣ ва зоҳирпарастӣ худдорӣ кунанд.
СарваридавлатЭмомалӣ Раҳмон дар паёми табрикӣ бо ишора ба мушкилоти ҷаҳонӣ қайд намуд, ки мо бояд ба масъалаи истифодаи оқилонаи имкониятҳои моддиву молиявии худ муносибати ҷиддӣ дошта бошем ва ба ҷойи исрофкорӣ бештар аст, имконоти молии худро ба таҳияи шароити арзандаи зиндагӣ ва таълими фарзандон сарфа намоем.
Ба гуфтаи Президенти кишвар, аз бузургтарин ҳикматҳои моҳи шарифи Рамазон ва иди сайиди Фитр расидан ба қадри неъматҳо, аз ҷумла Истиқлоли давлатӣ мебошад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ