Президент: Ба ҳамсояҳо мушкил эҷод накардаем ва намекунем

Президенти  Тоҷикистон дар нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Остонаи Қазоқистон гуфт, ки тарафдори истифодаи дуруст аз захираҳои обу энержии минтақа аст.

Ӯ рӯзи 15-уми март таъкид кард, ки Тоҷикистон ягон ҳамсояашро бе об нахоҳад гузошт. “Тоҷикистон барои кишварҳои ҳамсояи худ дар масъалаи об ҳеҷ гоҳ мушкил эҷод накарда буд ва нахоҳад кард”, — афзуд ӯ.Президент гуфт,ки  дар ин бора қаблан ҳам изҳорот дода буд ва ҳоло низ такрор мекунад: “Мо ҳамсояҳои худро ҳеҷ гоҳ бе об нахоҳем гузошт. Боварӣ дорам, ки муколамаи озод, таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ ва рушди ҳамкории созанда метавонад ба амалишавии ҳадафҳои мо дар ин самт мусоидат намояд.” Президенти  Тоҷикистон дар нишасти Остона ҳамкории минтақавиро яке аз зарурати бебаҳси замон номида, аз тағйири мусбат дар муносибати кишварҳои ҳамсоя изҳори қаноатмандӣ кардааст. Дар гузашта истифода аз захоири оби минтақа аз баҳси умдаи раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ буд. Узбекистону Қазоқистон пайваста аз Тоҷикистону Қирғизистон интиқод мекарданд, ки бо сохтмони нирӯгоҳҳои бузург мехоҳанд, кишварҳои поёнобро ташналаб гузоранд. Нишасти Остона бо ҳузури раҳбарони Тоҷикистону Қазоқистон ва Қирғизистону Узбекистон ва раиси порлумони Туркманистон рӯзи 15-уми март дар Остона баргузор шуд. Ин нахустин нишасти раҳбарони минтақа бе ҳузури Маскав буд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *