Президент ба Бишкек меравад

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар нишасти сарони кишварҳои ИДМ, ки рӯзи 13-уми октябр дар шаҳри Бишкек доир мегардад, ба Қирғизистон сафар мекунад.

Дар назар аст, ки сарони давлатҳои ИДМ маҷмӯи васеи масоил, аз ҷумла ҳамкориҳо дар соҳаҳои тиҷорату иқтисодро баррасӣ кунанд.

Дар ин чорабинӣ қарорҳои муҳими марбут ба тавсеаи ҳамкорӣ дар доираи ИДМ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод ва фарҳанг қабул хоҳанд шуд.

Ёдрас мекунем, ки моҳи июни соли равон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар нишасти ”Иттиҳоди Аврупо — Осиёи Марказӣ” аз Бишкек боздид карда буд. Айни замон дар қаламрави кишвари ҳамсоя машқҳои муштараки Неруҳои дастаҷамъии СААД “Бародарии шикастнопазир-2023” ҷараён доранд, ки дар онҳо низомиёни тоҷик низ иштирок доранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *