Президент ба Боку рафт
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Рахмон рӯзи 9 август ба софари корӣ ба шаҳри Бокуи Озарбойҷон сафар намуд.
Дар ин сафар ӯро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии президент оид ба масъалаҳои хориҷӣ, вазири иқтисод ва рушди савдо, вазири саноат ва технологияи муосир ва вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳӣ менамоянд.
Инчунин дар ин ҳайати корӣ Прокурори генералӣ, намоянаи Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ, кумтаи амнияти озуқаворӣ ва намояндагони васоити ахбори омма сафар намуданд.
Дар рафти сафари корӣ дар Боку Президенти Тоҷикистон бо роҳбари олии кишвари Озарбойҷон вохурӣ намуда, муносибатҳои байни ду давлатро баррасӣ хоҳанд кард.
Сафари қаблии Президенти Тоҷикистон ба шаҳри Боку моҳи июли соли 2012 баргузор гаштабуд, ки дар натиҷа 10 шарномаи ҳамкорӣ ба имзо расида буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ