Президент ба Бозор Собир кумак кард
Низом Қосим, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мегӯяд, ки бо супориши Президент Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Тоҷикистон барои табобати шоири шинохта Бозор Собир пул ҷудо кардааст ва ин пулро алакай ба ҳамсари шоир расондаанд.
Низом Қосим, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон 18 апрел гуфтааст, ки Ҳукумати Тоҷикистон бо супориши президент Эмомалӣ Раҳмон барои табобати шоири шинохта Бозор Собир, ки қариб 20 рӯз боз дар бемористони шаҳри Сиэттли Амрико қарор дорад, пул ҷудо кардаанд. Ба гуфтаи Низом Қосим, ин пулро алакай ба дасти ҳамсари шоир Гулчеҳра расондаанд. Низом Қосим гуфт:»Вазъи саломатии Бозор Собир яксон нест: гоҳ беҳтар мешавад ва гоҳ дубора бадтар. Ман медонам, ки президент аз вазъи саломатии шоир дар ташвиш аст ва бо қарори ӯ ҳукумат барои табобати Бозор Собир маблағи кофӣ ҷудо кардааст. Ман медонам, ки Эмомалӣ Раҳмон супориш дод, то барои табобати шоир беҳтарин табибонро ҷалб кунанд. Анализҳои Бозор Собирро барои ташхис ба Маскав ва ба Олмон фиристодаанд.”Низом Қосим ҳамчунин гуфт, сафирони Тоҷикистон дар Амрико ва Созмони Милал Фарҳод Салим ва Маҳмадамин Маҳмадамин аз 5 апрел ба ин тараф дар паҳлуи Бозор Собир дар шаҳри Сиэттл қарор доранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ