Президент ба фармони моритория имзо гузошт

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 15 январ фармонеро имзо кард, ки тибқи он, то 1 январи соли 2021 ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1 январи соли 2021 мораторий эълон карда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон моҳи декабр дар паёми солонааш ба парлумон эълон карда буд, ки ба хотири таъмини рушди соҳибкорӣ ва пешгирӣ аз санҷишҳои беҳудаву батакрор санҷиши фаъолияти соҳибкоронро барои ду сол манъ мекунад. Ӯ аз мақомот талаб кард, нисбати ҳар нафаре, ки ба умури тиҷорат дахолат мекунад, чораҷӯӣ кунанд.Дар фармони Президент  «Дар бораи ворид намудани тағйир ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 январи соли 2018, №990” чунин омадааст:

«1. Ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1 январи соли 2021 мораторий эълон карда шавад.».Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон дар робита ба ин фармон шарҳи кӯтоҳеро нашр ва дар он зикр кард, ки фармони ахири Эмомалӣ Раҳмон бар асоси паёми солонаи ӯ қабул шудааст, ки президент манъ кардани санҷиши фаъолияти соҳибкоронро ваъда карда буд: «Тибқи фармони мазкур ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1 январи соли 2021 мораторий эълон карда мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *