Президент ба Хатлон рафт

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо сафари корӣ ва бо мақсади иштирок дар маросими ифтитоҳи як қатор иншооти дорои таъйиноти гуногун ба вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар фурӯдгоҳи байналмилалии Бохтар роҳбарияти вилояти Хатлон истиқбол гирифтанд.

Ёдовар мешавем, ки Хатлон аз калонтарин вилоятҳо дар мамлакат буда, дар замони соҳибистиқлолии Ватан бо дастгирӣ ва таваҷҷӯҳи бевоситаи Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои зиёд дар тамоми бахшҳо ноил гардидааст.

Имрӯзҳо фазои идонаи наврӯзӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят танинандоз буда, сокинон бо шукргузорӣ аз сулҳу оромии Ватан ин ҷашни ҷаҳониро бо дастовардҳои меҳнатӣ дар тамоми бахшҳо истиқбол мегиранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *