Президент ба Индонезия рафт

Президенти Тоҷикистон дирӯз бегоҳ бо сафари расмӣ ва барои иштирок дар 12-умин Форуми умумиҷаҳонии исломии иқтисодӣ, ба Индонезия рафт.

Дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои  хориҷӣ Сироҷиддин Аслов, ёвари президент дар умури равобити байналмилалӣ Аъзамшоҳ Шарифӣ, вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода, вазири саноат ва технологияҳои нав Шавкат Бобозода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Қодири Қосим, раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмуҳаммадзода ва дигарон ҳамроҳӣ мекунанд.Ҳадаф аз ин сафар ба Индонезия ба иловаи боздиди расмӣ аз ин кишвар, ҳамчунин ширкат дар 12-уми Форуми умумиҷаҳонии иқтисодии исломӣ мебошад . Ба иттилои дафтари матбуоти президенти  Тоҷикистон, ба ҷуз мулоқоту гуфтугӯҳо бо мақомоти Индонезия, қарор аст дар ҳошияи Форуми умумиҷаҳонии иқтисодии исломӣ, Эмомалӣ Раҳмон бо раҳбарони кишвар ва созмонҳои байналмилалӣ гуфтугӯ намояд.Дар ҷараёни сафари Эмомалӣ Раҳмон  ба Индонезия, миёни ду кишвар чанд санади ҳамкорӣ ба имзо расад. Ин савумин сафари раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Индонезия мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *