Президент ба матбуоти давлатӣ дастур дод

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 20 феврал дар мулоқот бо намояндагони матбуоти давлатӣ из тарғибу ташвиқи шахси худаш тавассути клипҳои мусиқӣ изҳори нигаронӣ карда, ба роҳбарияти Кумитаи телевизион ва радио супориш додааст, ки «ба ҷойи ин талошу заҳматҳои мардуми меҳнаткаши ҷумҳурӣ, дастовардҳои арзандаи кишвар ва табиати зебову нотакрори сарзамини аҷдодӣ васеъ инъикос карда шавад.

 Президент  рӯзи 20 феврал бо як гуруҳи намояндагони матбуоти  давлатӣ мулоқот кард. Дар мулоқот роҳбарон ва коргарони эҷодиву фаннии шабакаҳои давлатии телевизион ва радиои Тоҷикистон,сардабирони рӯзномаву маҷаллаҳои давлатӣ ва нашрияҳои ҳизби ҳокими халқии демократӣ,намояндагони хадамоти матбуотии вазорату идораҳои давлатӣ иштирок кардаанд. Хадамоти матбуоти президент мегӯяд, ҳадафи вохурӣ натиҷагирии фаъолияти матбуот дар ҷомеаи муосир ҳамчун фишанги асосии тарғиби сиёсати давлату ҳукумати кишвар ва баррасии сатҳу сифати барномаҳои телевизиону радиоҳои давлатӣ ва матбуоти даврӣ буд. Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, ки дар замони муосир ва раванди босуръату зудтағирёбандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва вазъи мураккаби сиёсӣ дар як қатор кишварҳои олам, намояндагони васоити ахбори оммаро зарур аст барои ба мардум ба таври фаврӣ расондани руйдоду воқеаҳо фаъол бошанд, бо истифода аз тамоми шароити моддию техникӣ ва неруи зеҳнӣ бо таҳияи барномаҳои ҳадафрас бинанда, хонанда ва шунавандаи худро аз вазъи ҷаҳон, огоҳ созанд ва ба хотири ҳифзи амну субот ва ваҳдату ягонагии мардум, инчунин эмин нигоҳ доштан аз таъсири манфии беруна, барномаҳои нишонрас таҳия кунанд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *