Президент ба муносибати Иди Фитр сад зиндониро афв кард
Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон, ба муносибати Иди Фитр сад зиндониро афв кардааст. Бар асоси гузориши расонаҳои давлатии Узбекистон, Мирзиёев ин фармонро рӯзи 12-уми имзо гузошт. Дар миёни афвшудаҳо дувоздаҳ шаҳрванди хориҷӣ низ ҳастанд. Баъзе аз зиндониён барои ҳамкорӣ бо гурӯҳҳое гунаҳкор шинохта шудаанд, ки фаъолияташон дар он кишвар мамнуъ аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ