Президент ба Туркманистон рафт

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон субҳи имрӯз, 24 август бо як сафари корӣ озими Туркманистон шуд. Дафтари матбуоти президент  бо нашри ин хабар гуфт, Эмомалӣ Раҳмонро дар ин сафар муовини сарвазир, вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.Дафтари матбуоти Президент ҷузъиёти бештари ин сафарро нашр накардааст, аммо тибқи иттилои бархе расонаҳои хабарӣ, Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти сарони Фонди байналмилалии наҷоти баҳри Арал иштирок мекунад. Қарор аст ин нишаст дар шаҳри Туркманбошӣ баргузор шавад. Фонди байналмилалии наҷоти баҳри Арал дар авоили соли 1993 таъсис шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *