Президент ба Туркманистон рафт, роҳ боз мешавад?
Дирӯз бегоҳ Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон озими Ишқобод шуд.
Дар назар аст, дар ҷараёни ин сафар Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтои туркманаш Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов мулоқот кунад. Ҷузъиёти созишномаҳое, ки қарор аст миёни Тоҷикистону Туркманистон имзо шаванд, рӯшан нест.
Аммо тавре расонаҳо иттилоъ додаанд, масъалаи кушодани роҳи Туркманистон барои мошинҳои боркаши Тоҷикистон миёни роҳбарони ду кишвар баррасӣ хоҳад шуд. Мақомоти туркман соли 2019 ҳаракати мошинҳои боркаши Тоҷикистонро аз ҳудуди ин кишвар манъ карда буданд.
Дар назар аст,ки дар ҷараёни сафари Эмомалӣ Раҳмон масъалаи гузаштани мошинҳои боркаши Тоҷикистон ҳал ва дар ин бора миёни ду кишвар созишнома имзо мешавад.
Туркманистон яке аз роҳҳои асосӣ барои овардани мол аз Эрону Туркия ба Тоҷикистон мебошад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ