Президент:Барои ҳалли мушкилоти об дастаҷамъона бояд кор кард

«Рӯзномаи рушд барои давраи то соли 2030 ва дигар барномаҳои байналмилалӣ оид ба рушд, маблағгузорӣ ва мудирияти захираҳои табиӣ заминаи мустаҳками ҳамкории минбаъдаи моро фароҳам меоранд».

Ин нуктаро  Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Саммити оби Будапешт ироа намуданд.
Бино ба гуфтаи Пешвои миллат, мудирияти ҳамгироёнаи захираҳои об, дигар мавқеъгириҳои самаранок ва ташаббусу талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ барои тамоюлҳои мусбат дар раванди расидан ба ҳадафҳои дар сатҳи байналмилалӣ мувофиқашуда оид ба масъалаҳои об ва беҳдошт омили мусоидаткунанда мебошанд.
«Ҳамзамон мо бояд дарк намоем, ки дар ин масъалаҳо кишварҳо ҳоло ҳам бо мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ мешаванд ва ҳалли онҳо аз мо амалҳои дастаҷамъона ва ҳамоҳангшударо тақозо менамояд.
Аз ин рӯ, қабл аз ҳама, мо бояд чунин механизмҳои амалӣ гардонидани ҳадафу мақсадҳои мувофиқашударо таҳия ва роҳандозӣ намоем, ки дар асоси онҳо ҳамаи гурӯҳҳои истифодабарандаи об ҳам имконияти дастрасӣ ва ҳам имконияти баробари қонеъ гардонидани ниёзмандии худро ба об дошта бошанд»,-илова намуданд Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *