Президент бо фаъолони Душанбе вомехуранд
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон, як моҳ баъд аз таъини шаҳрдори нави Душанбе хостори мулоқот бо фаъолону масъулини пойтахт шудааст.
Дафтари матбуоти шаҳрдорӣ ва Президенти Тоҷикистон таъини чунин як мулоқотро тасдиқ карда, афзуданд, ки Эмомалӣ Раҳмон 15-уми феврал дар Кохи Борбад бо фаъолону масъулини пойтахт мулоқот мекунад.
Ба иттилои манобеъ доираи мавзӯъҳои баррасишаванда васеъ буда, тамоми масоили хоҷагидориро фаро мегирад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ