Президент боз орзуи ятимеро амалӣ намуд

Президенти ҷумҳурии  Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 29 март дар ҷараёни сафари кориаш ба вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд дар як маросим ба 150 ятими кул аз саросари ин вилоят тӯҳфаҳои наврӯзӣ тақдим кард. Ин тӯҳфаҳои иборат аз сару либос, пойафзол ва пули нақдро шахсан худи Эмомалӣ Раҳмон ба дасти ятимони кулле, ки аз 15 шаҳру ноҳияи вилояти Суғд махсус барои мулоқот бо президент оварда буданд, супурд.

Эмомалӣ Раҳмон ба ятимонро ба иди Наврӯз табрик гуфта, ба онҳо саломатӣ, таҳсил бо баҳои хубу аъло ва ахлоқи ҳамида орзу кард. Оқои Раҳмон афзуд, «таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба таълиму тарбияи насли наврас, бахусус ятимону бепарасторон ва фарзандони оилаҳои ниёзманд сол то сол зиёд гардида, ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил, кору фаъолият ва зиндагии мустақилонаи онҳо тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.

Як лаҳзаи таъсирбахши ин мулоқот лаҳзае буд, ки духтаре бо номи Гулмира Ҳасанова азПрезидент хост, то барои дохил шуданаш ба мактаби олӣ кумак кунад. Эмомалӣ Раҳмон ин духтарро ба пеши худ хонд ва сарашро сила карда, пурсид, мушаххасан чӣ касберо интихоб кардааст. Гулмира гуфт, ки мехоҳад ба риштаи равоншиносӣ дохил шавад.

Эмомалӣ Раҳмон дар ҳоле ки сари ин духтари ятимро сила мекард, гуфт: «Тамом. Шумо аз 1 сентябри соли равон – донишҷӯи Донишгоҳи миллӣ!”

Раисиҷумҳур ба дунбол хитоб ба зердастонаш гуфт, ки Гулмира Ҳасановаро дар давраи таҳсилаш бояд бо хобгоҳ низ таъмин кунанд.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин гуфт, то вақте ки ҳаст, намегузорад, ки ягон ятим хор шавад. «Худам тарбия мекунам ва ба воя мерасонам”,- гуфт раисиҷумҳур.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *