Президент чашмони табибро ашколуд кард

Президенти Тоҷикистон дар рӯзи Иди касбии табибон бо намояндагони соҳаи тибби кишвар мулоқот карда, ба 53 нафаре, ки дар рӯзҳои мубориза бо коронавирус ба касби худ садоқат нишон доданд, мукофотҳои давлатӣ супурд.

53 корманди соҳаи тиб бо фармони президент бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, ордени Шараф дараҷаи I, 3 ордени Шараф дараҷаи II, 27 Медали Хизмати шоиста, 17 медали Шафқат ва Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонда шуданд. Дар ҷараёни мулоқот бо табибон Эмомалӣ Раҳмон табиби блогереро, ки дар аввали моҳи май дар як муроҷиатномаи видеоияш аз табибоне, ки дар ин рӯзҳои сахт мардумро партофтанд, башиддат интиқод карда буд, даъват кард. Эмомалӣ Раҳмон гуфт, видеои ин табиб ӯро сахт ба риққат овард ва ӯ махсус хост, ки ин табибро ҳатман ба ин мулоқот даъват кунанд ва ба мукофоти давлатӣ пешбарӣ кунанд. Ин табиб қисса кард, ки падарашро дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ куштанд ва онҳо дар дари мардум калон шуданд. Барои ҳамин, баъди хатми коллеҷи тиббии Душанбе ӯ натавонист таҳсилашро дар Донишгоҳи тиббӣ давом диҳад ва ба Русия ба муҳоҷират рафта, се сол мардикорӣ кард ва як хонаи барак харид, то модару бародарашро пеши худ биорад. Ӯ гуфт, ки ҳоло 31 сол дошта, 7 сол таҷрибаи кор ва зану як фарзанд дорад. Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин мулоқот ба вазири тандурустӣ Ҷамолиддин Абдуллозода ва мушовираш оид ба кадрҳо Асадулло Раҳмон амр дод, ки ин табиби ҷавонро ба Донишгоҳи тиббӣ дохил кунанд ва ҷои кораш ҳам биёбанд, ки оилаашро хӯронда тавонад. Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин амр дод, то ба ин табиби блогер, ки дар рӯзҳои сахт аз худ ҳисси баланди номус ва садоқат ба касбаш нишон дод, як хонаи дуҳуҷрагӣ бидиҳанд.»Ин хел ватандӯстон бо як жести худ ҳазорон нафарро аз қафои худ мебаранд, яъне ҳазорҳо нафарро ба номус меоранд”, — гуфт Эмомалӣ Раҳмон дар тавсифи ин табиб. Вақте президент аз кори ин табиб ситоиш мекард, аз чашмони ин ҷавон беихтиёр ашк ҷорӣ шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *