Президент дар Бӯстон “Ганҷофар”-ро мавриди истифода қарор дод

8-уми феврал дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Корхонаи коркарди фулузот ва истеҳсоли профилу қубурҳои оҳанини Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ганҷофар”-ро мавриди истифода қарор дод.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Президенти кишвар, корхонаи коркарди фулузот ва истеҳсоли профилу қубурҳои оҳанин бо мақсади тақвияти раванди саноатикунонии босуръати кишвар ҳамчун ҳадафи чоруми миллӣ дар доираи эълон гардидани 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” таъсис дода шудааст. Ҳадаф аз бунёди корхонаи нави саноатӣ истифодаи босамари имкониятҳои худӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва истеҳсоли маҳсулоти баландсифати ватанӣ мебошад.

Корхонаи нави истеҳсолӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Амирҷон Самадов дар кӯчаи Саноатчиёни шаҳри Бӯстон дар масоҳати 2 гектар бунёд карда шудааст. Бинои истеҳсолии корхона барҳаво буда, 4 ҳазору 300 метри мураббаъро дар бар мегирад. Бо таъсиси ин корхона дар шаҳри Бӯстон 20 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гардидаанд. Дастгоҳу таҷҳизоти корхона истеҳсоли кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон буда, онро мутахассисони ҷавони тоҷик васлу насб намуда, идора менамоянд.

Гуфта мешавад, ки маҳсулоти хом ба корхона аз Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дастрас гардида, раванди коркарди металл тавассути се хати муосири технологӣ ба роҳ монда шудааст. Дар корхонаи навбунёд асосан 28 номгӯи маҳсулот, аз ҷумла профил ва қубурҳои оҳанин бо шаклу анзодаҳои гуногун мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ истеҳсол мегардад. Профилҳои оҳанин аз 2 ба 2 то 10 ба 10 сантиметр бо дарозии 6 метр ва қубурҳои оҳанин бошад, бо қутрҳои аз 15 то 150 ва бо дарозии 11 метру 75 сантиметр истеҳсол карда мешаванд, ки истифодаи онҳо барои солҳои тӯлонӣ пешбинӣ гардидааст.

— Зимни шиносоӣ бо рафти истеҳсолот дар корхонаи нави саноатӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулонро барои истеҳсоли босифати профил ва қубурҳои оҳанин, ки ҳамчун масолеҳи сохтмонӣ дар мамлакат талабот ба он зиёд аст, вазифадор карданд,- меафзояд манбаъ.

Ёдовар мешавем, ки аз субҳи имрӯз сафари кории Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд оғоз ёфт. Тавре маркази матбуоти Сарвари давлат иттилоъ додааст, ҳадафи ин сафар иштирок дар ҷашни Садаи ниёгон, таъсиси боғу токзори нав, ифтитоҳи як қатор иншооти соҳаҳои маъмурӣ, иҷтимоӣ, корхонаву коргоҳҳои саноатӣ, марказҳои фарҳангию фароғатӣ ва суҳбату мулоқот бо сокинони касбу кори гуногун мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *