Президент дар “Баҳористон» ҳам ду меҳмонхона кушод

 Бегоҳирӯзии 29 март дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо корҳои ободонию созандагӣ дар Осоишгоҳи “Баҳористон” шинос шуда, ду иншоот — меҳмонхонаҳои наву муосири бо тарҳи замонавӣ бунёдшударо ифтитоҳ карданд.

Пеш аз мавриди баҳрабардорӣ қарор додани бино ба Сарвари давлат ҳамаи маводи ғизоии дар худи осоишгоҳ истеҳсолшавандаро муаррифӣ карданд.

Тавре маълум гардид, барои ба истироҳаткунандагон пешкаш кардани ғизои солим ва босифату хуштамъи табиӣ дар хоҷагии ёрирасон ва коргоҳҳои он маҳсулоти ширӣ, қаннодӣ, нонӣ, консерваю афшураҳо ва шириниҳо таёр карда мешавад.

Баъди шиносоӣ бо номгуйи маводи хурокаи ошхонаҳои осоишгоҳ Президенти мамлакат меҳмонхонаи сеошёнаро бо 70 ҷойи хоб ва дигар шароити муосири истироҳату табобат ба истифода доданд.

Масоҳати умумии меҳмонхона 2446 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Мавриди зикр аст, ки ин бинои наву хуштарҳ дар муддати қариб 4 моҳ бо сарфи беш аз 6 миллион сомонӣ маблағҳои даромади софи осоишгоҳ бунёд шудааст, ки баробари ба истифода доданаш дар он 30 нафар бо кор таъмин гардиданд.

Меҳмонхонаи мазкур барои қабули меҳмонони олимақом хеле созгор аст, зеро роҳбарияти Осоишгоҳи “Баҳористон” бо завқи баланди зебоипарастӣ, бо интихоби мизу роҳаткурсиҳо, рахти хоб, таъмини таҷҳизоти муосири техникӣ, нақшу нигори миллӣ, чубкорӣ, оро додани фаршу деворҳо бо чубҳои рангаи пурнақш ва зардеворҳои пурнақш ва зарҳалӣ ин меҳмонхонаро ба як ҷойи хуби меҳмондорию меҳмоннавозӣ табдил додаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *