Президент дар бунёди сарбанди Нерӯгоҳи барқи обии Роғун

Имрӯз дар шаҳри Роғун бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳили дарёи Вахш маросими оғози бунёди сарбанди Нерӯгоҳи барқи обии Роғунбарпо шуд.

Дар маросими оғози корҳои бунёди сарбанди Нерӯгоҳи барқи обии Роғун, ки яке аз марҳалаҳои муҳимми сохтмони ин иншооти бузург ба шумор меравад, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро як гурӯҳ аъзои Ҳукумати мамлакат, вакилони Маҷлиси намояндагон, аъзои Маҷлиси миллӣ, намояндагони корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон, зиёиён ва як гуруҳ ҷавонони кишвар ҳамроҳӣ карданд.

Ин тадбири муҳим ба хотири идомаи корҳои созандагию бунёдкорӣ дар иншооти стратегӣ Нерӯгоҳи барқи обии Роғун амалӣ шуда, ҳадаф аз он расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ мебошад.

Мавриди зикри хос аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон худ савори булдозери вазнин аз соати 10-и субҳ то 11:30 расо якуним соат бо пеш кардани сангу шағал маҷрои дарёи Вахшро баста, ба бунёди сарбанди Нерӯгоҳи барқи обии Роғун, ки барои мардуми Тоҷикистон ҳаёту мамоташ аст, ҳусни оғоз бахшиданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки бунёду барқарорсозии ин иншооти муҳиму стратегӣ барои таъмини зиндагии сазовори наслҳои имрӯзу оянда хизмат мерасонад. Он барои рушди иқтисодиёт ва дар маҷмуъ барои пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат заминаи мусоид фароҳам меорад. Баъди ба истифода додани нерӯгоҳ имкон аст, ки дар кишвар даҳҳо корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ ифтитоҳ ва ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ таъсис ёбад.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба хотири таъмини зиндагии шоиста барои мардуми шарафманди тоҷик се самти асосию стратегиро дар сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карданд, ки бо татбиқи пурраи онҳо Тоҷикистон ба яке аз кишварҳои пешрафтаву аз бисёр ҷиҳат тараққикарда мубаддал мегардад.

Вобаста ба ҳадафи стратегии расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ дар кишвар бо дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо истифодаи оқилонаву сарфакоронаи захираҳои гидроэнергетикӣ сохтмону таҷдиди неругоҳҳои хурду бузурги барқи обӣ оғоз гардида, хатҳои баландшиддати интиқоли нерӯи барқ ва зеристгоҳҳои барқӣ бунёд шуданд.

Сипас Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Нерӯгоҳи барқи обии Роғун бо рафти корҳо дар нақбҳои обпарто аз наздик шинос шуда, ҷараёни тавассути нақбҳои обпарто ба берун баромада, аз он тарафи сарбанд боз дар дарёи Вахш ба маҷрои пешина ҷорӣ шудани обро мушоҳида карданд.

Тибқи нақша навбати аввали нерӯгоҳ, яъне агрегати якум охири соли 2018 ва агрегати дуюм моҳи апрели соли 2019 ба истифода дода шуда, нерӯи барқи истеҳсолшуда ба системаи энергетикии кишвар интиқол дода мешавад. Ҳамин тавр моҳи декабри соли 2018 нерӯгоҳи Роғун ба истеҳсоли нерӯи барқ оғоз мекунад. Нури Роғун ба хонадони ҳар як тоҷикистонӣ ворид шуда, барои расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ қадами ниҳоӣ гузошта мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *