Президент дар маросими «Рӯзи кормандони амнияти миллӣ» иштирок мекунад
Имрӯз, 28-уми декабр дар Тоҷикистон «Рӯзи кормандони амнияти миллӣ» таҷлил мешавад. Ба ин муносибат Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба манзури табрики ҳайати раҳбарият ва кормандони КДАМ ба ин кумита рафтааст. Қарор аст, Эмомалӣ Раҳмон дар назди ҳайати раҳбарият ва кормандони КДАМ суханронӣ кунад.
Интизор меравад, раиси ҷумҳур дар ин суханронӣ сиёсати Тоҷикистон дар заминаи таъмини амнияти миллии кишвар, ҷилавгирӣ аз хатарҳои ҷаҳони муосир, назири тероризм ва ифротгароӣ ва дурнамои чолишҳои амниятӣ дар минтақа сӯҳбат кунад.
Ширкати раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар таҷлили рӯзи кормандони амнияти миллии кишвар дар ҳолест, ки охири моҳи сентябр дар ин сохтори қудратӣ тағйироти кадрӣ сурат гирифта буд. Бар асоси қарорҳои ҳукумат Акрам Амонов ба далели бознишаста шудан, Суҳроб Паноев ва Фарҳод Воҳидов ба далели гузаштан ба дигар кор, аз симати муовинони раиси КДАМ озод карда шуданд.
Бар асоси дигар қарорҳои Ҳукумати ҶТ Зубайдулло Алихонов, Нусратулло Мирзоев ва Алишер Мирзонаботов муовинони раиси КДАМ таъйин шудаанд. Саймуъмин Ятимов аз моҳи сентябри соли 2010 дар мақоми раиси КДАМ кор мекунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ