Президент дар мулоқот бо олимон: Маблағҳои буҷет беҳисобу беохир ва беназорат нестанд
Имрӯз, 30 май дар Кохи Ваҳдат мулоқоти Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар баргузор шуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Сарвари давлат, ҳадафи вохӯрӣ баррасии натиҷаҳои мулоқоти қаблӣ бо аҳли зиё, ҳолати кунунии рушди илм ва дурнамои он, масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи омӯзиши илмҳои табиӣ ва риёзӣ, ташаккули тафаккури техникӣ, дастгирии ташаббусҳо дар самти ихтироъкорӣ, инчунин, сифат ва самаранокии тарбияи кадрҳои илмӣ дар кишвар мебошад.
Зимни суханронӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон гуфт, санҷиши вазъи тайёр кардани кадрҳои илмӣ дар Пажӯҳишгоҳи математикаи Академияи миллии илмҳо муайян намуд, ки аз соли 2018 то соли 2023 дар ин муассиса 18 нафар ба докторантура аз рӯйи ихтисос аз ҳисоби буҷет ва 1 нафар ба таври шартномавӣ қабул карда шудааст. Вале аз шумораи умумии хатмкардагон танҳо 2 нафар докторант рисолаи илмии худро ҳимоя кардааст.
“Сабаби дар муҳлати муайяншуда ҳимоя нагардидани рисолаҳои илмӣ, агар аз як тараф, ба таври самаранок фаъолият накардани худи докторантҳо бошад, аз ҷониби дигар, бемасъулиятии роҳбарони илмии онҳо мебошад. Дар ин самт ҳолатҳои суиистифода аз вазифа низ ҷой доранд. Аз 19 нафар докторанти қабулгардида роҳбарии 8 нафари онҳоро собиқ директори Пажӯҳишгоҳи математика ба зимма гирифтааст, вале ягон нафари онҳо рисолаи илмии худро ҳимоя накардааст”,-изҳор дошт Президенти мамлакат.
Чунин муносибат нисбат ба тайёр кардани кадрҳои илмӣ дар дигар пажӯҳишгоҳҳо ва марказҳои Академияи миллии илмҳо ва Академияи илмҳои кишоварзӣ низ ҷой доштааст.
Масалан, дар Пажӯҳишгоҳи чорводорӣ ва чарогоҳи Академияи илмҳои кишоварзӣ аз соли 2019 то имрӯз 16 нафар докторант аз рӯйи ихтисос аз ҳисоби буҷет қабул карда шудааст. Аммо то имрӯз ягон нафар рисолаи илмии худро ҳимоя накардааст.
“Дар даҳ соли охир ба Пажӯҳишгоҳи масоили амнияти биологӣ ва биотехнологияи Академияи илмҳои кишоварзӣ 28 нафар аспирант ва 10 нафар унвонҷӯ қабул гардидааст. Лекин дар ин муддат аз 38 нафар ҳамагӣ 3 нафар рисолаи илмии худро ҳимоя кардааст, ки ташвишовар мебошад”,-изҳори нигаронӣ кард Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.
Ҳамчунин, дар Пажӯҳишгоҳи хокшиносӣ дар даҳ соли охир 13 нафар докторант аз рӯйи ихтисос қабул шудаанд, вале то ҳол ягон нафар рисолаи илмии худро ҳимоя накардаанд.
“Муҳтарам намояндагон ва кормандони муассисаҳои илмӣ, хусусан, роҳбарони илмии унвонҷуёну аспирантҳову докторантҳо! Бо дарназардошти вазъе, ки гуфта шуд, ман аз шумо мепурсам, ки чунин муносибат илми тоҷикро ба куҷо мебарад? Ин гуна хунукназарӣ нисбат ба тайёр кардани кадрҳои илмӣ метавонад дар оянда оқибатҳои бисёр ногувор, аз ҷумла паст гардидани сатҳи маърифатро дар байни ҷомеа ба миён оварад”-ибрози ташвиш намуд Президенти мамлакат.
Дар ин мулоқот Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид сохт, ки маблағҳои буҷет беҳисобу беохир ва беназорат нестанд.
“Бинобар ин, аз роҳбарони муассисаҳо ва роҳбарони илмӣ қатъиян талаб менамоям, ки ба фориғболиву бемасъулиятӣ, хусумати шахсӣ, рӯйихотирбинӣ, нотавонбинӣ нисбат ба якдигар ва рақобати носолим миёни муассисаҳои илмии кишвар ҳарчи зудтар хотима бахшанд”-гуфт Президент.
Гуфта шуд, ки мавқеи шаҳрвандии баъзе олимону донишмандони мо бисёр нигаронкунанда мебошад. Бетарафӣ, гоҳо танқиди беасос, норозигии доимӣ, эҷоди иғво дар ҷомеа ва монанди инҳо ба одати баъзеҳо табдил ёфтааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ