Президент ду вазирро иваз кард
Президенти нави Амрико Доналд Трамп имрӯз аз таъйини Стивен Мачин ба вазифаи вазири молия ва Вилбер Росс ба мақоми вазири тиҷорат хабар дод.
Стивен Мачин дар гузашта ба ҳайати бонки маъруфи сармогузори Goldman Sachs шомил буд, баъдан гурӯҳи бонкии худро таъсис дод ва тарҳҳои Ҳолливудро сармоягузорӣ кард. Ба дороиҳои созандаи ӯ филмҳое мисли Avatar ва American Sniper шомил ҳастанд. Дар маъракаи интихоботии ахир Мачин раҳбари молии ситоди номзади ҳизби Ҷумҳурихоҳ буд.
Бонки сармоягузории Вибур Росс солҳо ба бозсохти муассисаҳои бесамар дар соҳаи мухобирот, нассоҷӣ, оҳангудозӣ, ва соҳаи саноати ангишт машғул буд. Ба гуфтаи президенти нав, «Вилбур медонад, ки бо танзими хафакунандаи давлатӣ чӣ гуна мубориза барад, чӣ тавр ҷойҳои корӣ таъсис диҳад, рушди бахши энергетикиро таъмин кунад, дар ҳоле ки Амрико ба афзоиши қобили мулоҳизаи иқтисод ниёз дорад». Ҳамчунунин, Тод Рикетс, иқтисоддони муваффақ ва молики бошгоҳи бейсболи «Chicago Cubs», ноиби Вилбур Росс интихоб шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ