Президент Эмомалӣ Раҳмонро дар фурудгоҳи шаҳри Панҷакент пешвоз гирифтанд

Имрӯз, 14-уми апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба маркази шаҳри Панҷакент ташриф овард.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Президенти кишвар, дар фурудгоҳи шаҳри Панҷакент Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, фаъолон ва сокинони касбу кори гуногун пешвоз гирифтанд.

— Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Панҷакент як қатор иншооти ҳаётан муҳим, аз ҷумла марказҳои нави хизматрасонӣ, иншооти навбунёди соҳаи маорифу тандурустӣ ва варзиширо ифтитоҳ намуда, ба корҳои бузурги созандагӣ оғоз мебахшанд,- меафзояд манбаъ.

Хабарҳои моро дар Телеграм пайгирӣ намоед: https://t.me/tojikistontimes

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *