Президент Форумро кушод

15 октябри соли 2018 дар Муассисаи давлатии «Кохи Борбад»-и шаҳри Душанбе ба ифтихори таҷлили чорумин солгарди ҷашни «Рӯзи соҳибкорон» таҳти сарпарастии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе — 2018 таҳти унвони «Рушди соҳибкорию сармоягузорӣ  ва равандҳои муосири иқтисодӣ» баргузор гардид.

Қабл аз оғози форуми мазкур «Намоишгоҳи молу маҳсулоти соҳибкорони ватанӣ» баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 50 нафар истеҳсолкунандагон молу маҳсулоти худро ба тамошои иштирокчиён манзур гардониданд.

Дар форум намояндагони мақомоти қонунгузории кишвар, аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, намояндагони воломақоми созмонҳои байналмилалии молиявӣ, корпусҳои дипломатӣ, шарикони рушди муқими Тоҷикистон, соҳибкорони бурунмарзӣ (диаспораҳо) сармоягузорони ватаниву хориҷӣ, намояндагони ширкатҳо аз 21 кишвари олам ва соҳибкорони ватанӣ, маҷмуан зиёда аз 2000 нафар иштирок намуданд.

Маросими расмии форум бо сухани ифтитоҳии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз гардида, дар он ҷанбаҳои муҳимтарини  соҳаи иқтисодиёти кишвар, аз ҷумла, рушди соҳибкорию сармоягузорӣ ва равандҳои муосири иқтисодӣ дар марҳилаи ҷаҳонишавии иқтисодиёт, рушди иқтисодиёти рақамӣ бо истифодаи технологияҳои иттилоотию инноватсионӣ, зарурати саъю кӯшишҳои бештари якҷояи ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри истифодаи оқилонаи имконият ва захираҳои мавҷуда, нақши  равандҳои муосири иқтисодӣ дар баланд бардоштани самаранокии натиҷаҳои фаъолият тавассути таъмини шаффофият, сифат ва тавсеаи номгӯи молу хизматрасониҳо ва дар маҷмӯъ, рушди устувори иқтисодиёти миллӣ матраҳ карда шуданд.

Инчунин дар бахши ифтитоҳии форум директори минтақавии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Осиёи Марказӣ ҷаноби Нил Маккейн, президенти ширкати кореягии «Сеул Мачинери» ҷаноби Вон Ҳии Ким, Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид, Роҳбари Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон хонум Пратибҳа Меҳта, ноиби президенти ширкати фаронсавии «Файвс Груп» ҷаноби Жан Франсуа Легран ва директори минтақавии Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Тоҷикистон хонум Кассандра Колберт баромад намудаанд.

Изҳори итминон карда шуд, ки натиҷаҳои форум, мувофиқаҳои бадастомада ва созишномаҳои дар доираи он баимзорасида ба таҳкими заминаҳои асосии муносибатҳои мутақобилан судманди иқтисодию тиҷоратӣ, таъмини рушди иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон ва минтақа, инчунин қавӣ гардонидани иродаи ҳамбастагӣ дар самти истифодаи якҷоя ва самараноки имкониятҳоямон мусоидат хоҳанд кард.

Дар фарҷом Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлили чорумин солгарди «Рӯзи соҳибкорон»-ро барои соҳибкорон муборакбод гуфта, ба аҳли нишаст фаъолияти пурсамар ва барору комёбиҳо орзу намуданд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *