Президент Ғизолро ситоиш кард
Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар як суханрониаш аз савод ва забони ширини ситораи ҷавони афғон Ғизол Иноят тавсиф карда, гуфтааст, омода буд, соатҳо мусоҳибаи ин овозхон дар телевизионро тамошо кунад. Эмомалӣ Раҳмон аз ҳунармандони тоҷик даъват кардааст, ки дар сӯҳбат бо матбуот ғайри «намедонам, намехӯрам” чизе гуфта наметавонанд.
Расонаҳои Афғонистон порае аз як суханронии раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро наҳр кардаанд, ки дар он аз сатҳи савод, забондонӣ ва сӯҳбати ширини овозхони ҷавони афғон Ғизол Иноят тавсиф мекунад.
Замони сабти ин суханронӣ дақиқ нест, вале он дар як толор дар пайи анҷоми ҳунарнамоии ҳунармандони тоҷик сабт шудааст.
Ҳангоми суханронии Эмомалӣ Раҳмон дида мешавад, ки ҳунармандон дар саҳна ва мансабдорони баландпоя, аз ҷумла мушовирони раисиҷумҳур Асадулло Раҳмон ва Абдуҷаббор Раҳмонзода, раиси Кумитаи телевизион ва радио Маҳмадсаид Шоҳиён, вазири маориф ва илм Нуриддин Саид ва президенти Академияи илмҳо Фарҳод Раҳимӣ дар толор рост истода, ҳарфҳои президентро гӯш мекунанд.
Эмомалӣ Раҳмон дар ин видеои якдақиқагӣ мегӯяд: «Ба наздикӣ як духтараки афғон дар Душанбе буд. Ман номашро намедонам, вале як қисмати мусоҳибааш дар телевизионро дидам. Касе гӯш карда бошад агар, бениҳоят сухандон ва босавод! Наинки сарояндаи хуб, на инки фақат ба забони тоҷикиву дарӣ, ба забони ҳиндӣ месарояд, лекин дар сухангӯӣ ба дараҷае босавод! Вақте ки гуфтугӯ мекарданд, соатҳо агар ба шарте ки сӯҳбат мекард, ман телевизорро хомӯш намекардам. Чӣ қадар бо як забони шевои ширини дарии тоҷикӣ! Фаҳмо, ширин, босавод! Аммо баъзан санъаткорони моро ба телевизион фарёд кунанд, ҳамин як сӯҳбати оддӣ: намедонам, намехӯрам…”
Ҳарчанд Эмомалӣ Раҳмон гуфт, номи ин ситораи афғонро намедонад, вале дар матбуоти Афғонистон навиштанд, ки манзури президенти Тоҷикистон ҳатман Ғизол Иноят аст, ки дар майдони ҳунари Тоҷикистон аз ҳама ситораҳои дигари афғон фаъолтар аст.
Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон низ дар барномаи «Роҳи шаб”-аш мусоҳибаи муфассалеро бо Ғизол Иноят таҳия карда буд, ки чандин маротиба бознашр шуд:
Номи Ғизол Иноят бори аввал барои мухлисон дар Тоҷикистон соли 2015 дар пайи бозхонии таронаи маъруфи «Ҷони ман” ҳамроҳ бо Садриддини Наҷмиддин ошно шуд. «Ҷони ман” таронаест, ки дар солҳои 80 ду ситораи он даврон Кароматуллоҳи Қурбон ва Ширинмоҳ Ниҳолова иҷро карда буданд.
Бозхонии ин тарона дар иҷрои Садриддин ва Ғизол танҳо дар як саҳифаи Ютуб беш аз 5 миллион тамошобин ҷамъ овард ва ҳардуро ба таҳияи боз чандин таронаи дигари муштарак ҳидоят кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ