Президент Карим Масимовро ба ҳузур пазируфт

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, бо Карим Масимов – раиси тозатаъини Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон – мулоқот кардааст. Дафтари матбуоти президент гуфт, ин мулоқот рӯзи 24 октбяр дар Душанбе сурат гирифта, ҷонибҳо «вазъу дурнамои ҳамкории байнидавлатӣ ва ниҳодҳои амниятӣ»-ро баррасӣ намудаанд. Дар ин мулоқот мубориза бар зидди терроризм, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва таъмини сартосарии амнияти миллӣ дар Тоҷикистону Қазоқистон баҳс шудааст. Карим Масимов ахиран аз мақоми нахуствазири Қазоқистон барканор шуда ва раҳбари Кумитаи амнияти миллии ин кишвар таъин гардид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *