Президент: Ман дар Панҷакент даҳ сол ҷавонтар шудам!

Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои аиллат, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Наврӯзи ҷумҳуриявӣ, дар шаҳри Панҷакент.

 

 

Ҳамватанони азиз!
Сокинони шарафманди шаҳри бостонии Панҷакент!

Имрӯз ҳамаи мо ба ифтихори таҷлили яке аз ҷашнҳои бошукӯҳи аҷдодиамон — Наврӯзи байналмилалӣ гирди ҳам омадаем.

Ба ин муносибат кулли мардуми кишвар, аз ҷумла сокинони сарбаланду фарҳангпарвари шаҳри Панҷакент ва вилояти Суғдро самимона табрик мегӯям.

Ҳамчунин, бо ифтихору хушҳолӣ хотирнишон месозам, ки Наврӯзи имсола барои кулли мардуми шарифи Тоҷикистон ҷашни воқеан таърихӣ мебошад. Зеро тавре ки ҳамаи шумо огоҳед, дар рӯзи фарорасии он аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» расман оғоз гардид ва чорумин ташаббуси Тоҷикистони азизи мо дар давоми даҳ соли оянда дар миқёси олам амалӣ хоҳад шуд.

Панҷакент яке аз шаҳрҳои бостонӣ ва аз ҷумлаи марказҳои тамаддуни гузаштагони мо буда, сокинони он аз қадим соҳибмаърифату суханшинос ва илмдӯсту фарҳангпарвар мебошанд.

Танҳо ҳамин кофист агар гӯем, ки маҳз тавассути султони шоирони Аҷам Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ шеъри тоҷикӣ ба қуллаҳои баланд расида, ба ин васила ҷаҳониён бо забони ноби тоҷикӣ ва тамаддуни ориёӣ ошно гардидаанд ва имрӯз низ шеъри ин устоди бузурги сухан қалби дӯстдорони шеъри тоҷикиро гарм ва рӯҳи онҳоро болида мегардонад.

Мардуми Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони шаҳри Панҷакент бо чунин фарзанди фарзонаи миллат воқеан ифтихор мекунанд ва хусусан, дар замони соҳибистиқлолии кишвар барои пос доштани хотираи неки ӯ хеле корҳои шоистаро анҷом додаанд.

Шаҳри бостонии Панҷакент бо шумораи зиёди ёдгориҳои таърихии худ маъруф аст, ки дар байни онҳо шаҳри қадимаи Саразм мақоми хосса дошта, таърихи беш аз панҷуним ҳазорсола дорад.

Ин ёдгории нодири таърихӣ гувоҳи возеҳи дар ин мавзеъ аз давраҳои хеле қадим сукунат доштани аҷдоди тоҷикон, шаҳрнишину созанда ва соҳиби маданияти заминдориву кишоварзӣ будани онҳо мебошад.

Мехоҳам бо хушҳоливу қаноатмандӣ зикр намоям, ки мардуми мо ба истиқболи ҷашну чорабиниҳои милливу давлатӣ корҳои ободониву созандагиро ба хотири пешрафти кишвари зебоямон вусъат мебахшанд ва бо заҳмати аҳлонаву софдилонаи худ ҳамаи гӯшаву канори Тоҷикистони азизамонро ободу зебо мегардонанд, ки ин ҳама, албатта, нишонаи ҳисси баланди миллӣ ва ватандӯстии онҳо, инчунин, баракати сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад.

Сокинони заҳматдӯсти шаҳри Панҷакент хуб дар хотир доранд, ки мо ҳангоми сафари қаблӣ ба водии зархезу зебоманзари Зарафшон, аз ҷумла шаҳри Панҷакент моҳи октябри соли 2015 шоҳроҳи «Айнӣ – Панҷакент», коргоҳи дуюми заршӯии корхонаи муштараки «Зарафшон» ва корхонаи маъдантозакунии «Рукнобод»-ро ифтитоҳ карда будем.

Ҳоло коргоҳҳои зикршуда дар қатори дигар корхонаҳои шаҳри Панҷакент дар рушди соҳаи саноати мамлакат ва муҳимтар аз ҳама, бо ҷойи кор таъмин намудани садҳо нафар сокинони маҳаллӣ ва беҳтар шудани вазъи зиндагии онҳо саҳми арзишманд гузошта истодаанд.

Ҳамчунин, чанд сол қабл дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ зеристоҳи барқии минтақаро бунёд карда, ба истифода супорида будем, ки барои таъмин намудани корхонаҳои саноатӣ ва сокинони водӣ бо нерӯи барқ аз хатти интиқоли барқи баландшиддати «Ҷануб-Шимол» ва пешрафти иқтисодиву иҷтимоии ин гӯшаи Тоҷикистони азизамон нақши муассир бозид.

Азбаски истифодаи қисми зиёди нерӯи барқ ба шаҳру деҳоти Панҷакент рост меояд ва махсусан, баъди ба кор даромадани корхонаҳои нави истеҳсолӣ, афзоиши аҳолӣ ва мунтазам зиёд шудани шумораи иншооти иҷтимоиву хизматрасонӣ иқтидори хатти интиқоли барқи мавҷуда барои пурра таъмин кардани аҳолии шаҳру деҳоти Панҷакент ва ноҳияи Айнӣ нокифоя гардид, бо дастгирии Ҳукумати мамлакат лоиҳаи сохтмони хатти барқи 220-киловолтаи «Айнӣ-Панҷакент» оғоз гардид.

Татбиқи лоиҳаи зикршуда ба маблағи умумии зиёда аз 230 миллион сомонӣ дар остонаи ҷашни Наврӯз ба анҷом расид ва мо имрӯз ба фаъолияти он низ оғоз бахшидем.

Фикр мекунам, ки рӯйдоди мазкур дар рӯзҳои таҷлили Наврӯзи оламафрӯз туҳфаи арзандаи Ҳукумати кишвар ба сокинони шаҳри Панҷакент мебошад.

Эътимоди қавӣ дорам, ки минбаъд соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Панҷакент мунтазам фаъолият карда, сокинон аз мушкилоти норасоии нерӯи барқ пурра озод мешаванд ва барои пешрафту ободии диёри худ ва Тоҷикистони маҳбубамон дучанд азму талош хоҳанд кард.

Илова бар ин, хотирнишон месозам, ки дар натиҷаи татбиқи чунин барномаҳои муҳим дар шаҳри Панҷакент барои коркарди захираҳои табиӣ, бунёди корхонаҳои нави саноатӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва боз ҳам беҳтар шудани вазъи некӯаҳволии мардум шароити мусоид фароҳам оварда мешавад.

Имрӯз, ҳамчунин, мо дар маросими пардабардорӣ аз рӯи муҷассамаи Шоири халқии Тоҷикистон, адиби барои ҳамаамон маҳбуб Лоиқ Шералӣ, ба истифода супоридани маркази эҷодиву фарҳангии шаҳр ва кӯдакистони навбунёд ширкат карда, бо намунаҳои ҳунари мардуми ин диёри бостонӣ ва ҷараёни кишту кори баҳорӣ дар хоҷагиҳои деҳқонии шаҳр шинос шудем.

Дар робита ба ин, таъкид бояд кард, ки дар шаҳри Панҷакент барои ташкили корхонаҳои нави истеҳсолӣ ва зиёд кардани маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла картошка, шолӣ, меваю сабзавоти содиротӣ ва бо ҳамин роҳ ба шуғл фаро гирифтани ҳазорон нафар сокинон имкониятҳои фаровон мавҷуданд.

Минбаъд дар масъалаи таъминот бо нерӯи барқ ягон мушкилот ба вуҷуд намеояд.

Дигар ин, ки рӯзҳои 9-10 март, дар ҷараёни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Мирзиёев Шавкат Мирамонович ҳамаи монеаҳое, ки зиёда аз ду даҳсола дар рафтуомади одамон ва додугирифти молу маҳсулот бо кишвари дӯсту бародари Ӯзбекистон вуҷуд доштанд, аз байн бардошта шуданд.

Ба шарофати санадҳои ҳангоми сафари дӯсту бародари ман Шавкат Мирамонович имзошуда ҳазорон оилаҳое, ки солҳои дароз аз дидори ҳамдигар маҳрум буданд, ба хабаргирии хешу таборон муяссар шуданд, яъне рафтуомади озодонаи одамон оғоз гардид ва қалби миллионҳо нафар сокинони ҳар ду кишвар шод шуд.

Илова бар ин, робитаҳои амалан кандашудаи тиҷоратӣ ва илмиву фарҳангӣ барқарор гардида, барои тавсеаи ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи ду халқи ҳамсояву бародар заминаи устувор фароҳам оварда шуд.

Акнун кишоварзони асили шаҳри Панҷакент ва соҳибкоронро зарур аст, ки ҳарчи бештар маҳсулот истеҳсол кунанд, корхонаҳои муштарак бунёд намоянд ва ба ин васила вазъи зиндагии худро беҳтар созанд.

Ҳозирини гиромӣ!

Дар ҷараёни сафарҳои кории худ ба водии Зарафшон ва умуман, вилояти Суғд ҳамеша эҳсос мекунам, ки мардуми шарафманди ин диёр сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакатро самимона пуштибонӣ карда, бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ба хотири таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва ҳифзи неъмати бузурги истиқлолу озодӣ аҳлона заҳмат мекашанд.

Натиҷаи ҳамин дастгирии самимона ва заҳмати аҳлонаи мардум аст, ки танҳо дар давоми даҳ соли охир дар ҳудуди вилояти Суғд даҳҳо иншооти муҳимтарин, аз қабили хатти интиқоли барқи 500-киловолтаи «Ҷануб -Шимол», бунёди зеристгоҳҳои барқӣ, нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ, ки қадами бузурге ба сӯи истиқлолияти энергетикии кишварамон мебошанд, азнавсозии пурраи шоҳроҳи Душанбе — Хуҷанд — Чанак ва дар доираи ин лоиҳа, ҳамчунин, ду иншооти бузурги аср — нақбҳои бузурги «Истиқлол»-у «Шаҳристон» ва таҷдиди роҳи Айнӣ — Панҷакент ба анҷом расонида шуданд.

Иншооти азиму стратегии зикршуда ва даҳҳо корхонаҳои нави истеҳсолӣ, садҳо муассисаҳои наву муосири маорифу тандурустӣ ва иншооти варзишиву фарҳангӣ ба хеле ободу зебо гардидани шаҳру ноҳияҳо, инчунин, рушди иҷтимоиву иқтисодии онҳо ва болоравии сатҳи некӯаҳволии аҳолии вилоят, аз ҷумла сокинони шаҳри бостонии Панҷакент мусоидат намуданд.

Бори дигар мехоҳам махсус таъкид намоям, ки мо ба ҳамаи ин дастовардҳо, пеш аз ҳама, ба шарофати дастгирии самимонаи мардум аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати мамлакат ва саъю талоши ватандӯстонаи халқамон дар амри таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ муяссар гардидаем.

Аз ин лиҳоз, бо истифода аз фурсат мехоҳам ба кулли мардуми сарбаланди вилояти Суғд ва ҳамаи сокинони бонангу номуси Панҷакенти бостонӣ барои кору фаъолияти ватандӯстона дар самти иҷрои барномаву ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат миннатдорӣ баён намоям.

Бори дигар тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла мардуми қавиирода ва шарафманди шаҳри бостонии Панҷакент ва вилояти Суғдро ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ – соли нави аҷдодиамон самимона табрик мегӯям ва орзумандам, ки рӯзгори ҳар яки шумо ҳамеша пур аз нишоту комронӣ, иқболу хушбахтӣ ва файзу баракати наврӯзӣ бошад.

Ҳамеша хонаободу сарбаланд бошед, ҳамдиёрони гиромӣ!

Баъд аз  ба озир расидани ҷамъомад ва консерти идона Президент ба ҳозирин барои ширкати фаъолонаашон изҳори самимият намуда, хитоб кард : Ман дар Панҷакент даҳ сол ҷавонтар шудам!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *