Президент: Ман прокурорҳоро чандон дӯст намедорам
Раисиҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар як ҷаласа кормандони прокуратураро «дуздони аз ҳама калон” ва «як бало дар сари халқ” номид ва гуфт, поккории додситониро идома дода, тамоми «ахлоти кӯҳна”-ро аз ин идора пок хоҳад кард.
Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Узбекистон рӯзи 2 август дар як ҷаласаи видеоселекторӣ фаъолияти прокурорҳоро ба боди танқиди шадид кашид. Мирзиёев дар ин ҷаласа прокурорҳоро «дуздони аз ҳама калон” ва «ахлоти кӯҳнаи бозмонда аз даврони қадим” номид ва гуфт, тамоми прокурорҳои бозмонда аз даврони президенти қаблӣ Ислом Каримовро, ки дасти ҳалол надоранд ва аз рӯи виҷдон кор намекунанд, пеш хоҳад кард.
Дар сабти садоии ин ҷаласа, ки радиои «Озодлик” дастрас кардааст, шунида мешавад, ки Шавкат Мирзиёев нафраташ нисбат ба кормандони прокуратураро пинҳон намекунад: «Агар ту мафкураатонро дигар накунӣ, пагоҳ дер мешавад. Ман ба ту 10 рӯз вақт медиҳам. Як ту мондӣ, дигар ҳамаро алакай пеш кардам. Узр, албатта, вале ман прокурорҳоро чандон дӯст намедорам. Рӯшоду ошкор мегӯям инро. Агар пурсед, ки барои чӣ?, ҷавоб медиҳам. Ман ҳокими ноҳия будам, ҳокими вилоят будам ва хуб медонам, ки ин бевиҷдонҳо чӣ рафторе доранд. Ман хуб медонам, хеле хуб медонам, ки вақте як прокурорча шуд, роҳгардиаш дигар мешавад, фукаш чунон чухт меҳавад, ки одамонро намешиносад. Ман хеле хуб медонам инро.”
Мирзиёев дар ҷараёни ҷаласа кадрҳои аз замони Ислом Каримов бозмондаи прокуратураро «ахлот” номид ва гуфт, бидуни чуну чаро он ҳама «ахлот”-ро аз прокуратура хоҳад рӯфт: «Мо прокурори генералии нав мондем, прокуратураро аз ахлоти кӯҳна тоза кардем. Вале ягон 15-20 фоиз аз низоми пештараи дуздон боқӣ мондаанд. Барои мисол, Файзиев (додситони вилояти Тошканд Ҷамшид Файзиев) низ одами он ҳамон низом аст. Мо хоҳ-нохоҳ прокуратураро аз чунин одамон тоза мекунем. Прокурор ё ҳалол кор мекунад, ваё мо прокуратураро аз байн мебарем. Прокурорҳо ба як бало дар сари халқ табдил ёфтаанд. Агар тозаву ҳалол кор накунанд, ҳамаашро пеш мекунем.”
Шавкат Мирзиёев гуфт, дар байни прокурорҳо ҳатто нафароне ҳастанд, ки номи худро дуруст навишта наметавонанд. Ӯ ҳамчунин ба қасрҳои пуршукӯҳе ишора кард, ки прокурорҳо барои худ месозанд: «Прокурор бояд фақат вақте хуб зиндагӣ кунад, ки зиндагии халқаш хуб шавад. Ба қасрҳои онҳо нигоҳ кунед, мошинҳоеро, ки онҳо саворӣ мекунанд, бубинед. Онҳо чӣ ягон реактори атомӣ ихтироъ кардаанд? Чанд аблаҳаш ҳатто номи худро бехато навишта наметавонанд. Онҳо бо шиносбозӣ прокурор шудаанд. Вале фук дар ҳаво, пеши пояшонро намебинанд. Ман онҳоро дӯст намедорам, чунки дуруст кор намекунанд.”
Мирзиёев гуфт, поккории сафҳои прокуратура ҳоло идома дорад ва ҷамъият аз чунин нафарон пурра пок хоҳад шуд: «Шукри Худо, ки ҳама чиз ба ман маълум аст. Ман ҳоло ресмонро дароз партофтааму нигиоҳ дорам, вале метавонам дар як лаҳза ин масъаларо ҳал кунам. Ягон кас ва ягон вақт набояд бо давлат бозӣ кунад. Ягон кас ва ягон вақт! Мо як прокурори воҳима доштем бо номи Муҳиддинов. Ҳоло дар кунҷи зиндон нишастааст. «
Шавкат Мирзиёев моҳи январи соли ҷорӣ низ дар мулоқот бо кормандони прокуратура гуфта буд, ки ин ниҳод бояд зери назорати ҷамъиятӣ қарор бигирад, вагарна прокуратура метавонад ба як ниҳоди таъқиботиву ҷазодиҳӣ табдил биёбад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ