Президент масъулинро хиҷолатзада кард

Раисиҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёев зимни сафараш ба ноҳияи Яшнобод барномаи сафарашро ногаҳон тағйир дода, ба ҷои бемористони марказии ноҳия, ки бо гулу шиори зиёд барои ин боздид омода карда буданд, аз бемористони рақами 32 дидан кард ва ҳуш аз сараш парид.

Рӯзи 6 май раисиҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёев ба таври ногаҳонӣ барномаи сафараш ба ноҳияи Яшнободи шаҳри Тошкандро тағйир дод ва ба ҷои бемористони марказии ноҳия амр дод, ки ӯро ба як бемористони дигар – беморхонаи оилавии рақами 32 баранд.

Гулу гулдаставу шиору рақсу суруд ва тармими зоҳирии бемористони марказӣ, ки махсус барои сафари президент омодааш карда буданд, ба кор наомад.

Телевизиони давлатии Узбекистон гузориш дод, ки боздиди Шавкат Мирзиёев аз бемористони рақами 32 хеле ногаҳонӣ буд ва аз чеҳраи кормандони ин бемористон низ бармеомад, ки онҳо ба ҳеҷ сурат мунтазири омадани президент набуданд.

Шавкат Мирзиёев дар дохили бемористон низ ба ҷойҳое ки худаш мехост, сар зад ва аз ҷумла вақте вориди як ҳуҷраи табибон шуд, ки онҳо аслан интизор надоштанд. Ҳамин тавр, ӯ бо вазъи ҳуҷраҳое, ки барои табобати беморон ҷудо шудаанд, аз наздик ошно шуд.

Телевизиони давлатии Узбекистон таассуроти Мирзиёев аз дидаҳояш дар ин бемористонро бо як ҷумла хулоса мекунад: «Маълум мешавад, ки ислоҳот ба роҳи худаш, вале ҳолати воқеӣ ин аст.”

Раисиҷумҳури Узбекистон ҳамин тавр, берун аз барномаи расмии сафараш бо аҳолии маҳаллае, ки ин бемористон ҷойгир шудааст, рӯбарӯ сӯҳбат кард ва дарди дили онҳоро шунид.

Мирзиёевро дар ин сафар вазири тандурустии Узбекистон, ҳокими Тошканд ва дигар мақомоти расмӣ ҳамроҳӣ мекарданд. Хабаргузории давлатии УзА навишт, ки президент ба ин мақомот амр дод, то тамоми камбудиҳо дар ин бемористони оилавиро, ки ба як маҳаллаи аҳолияаш беш аз 27 ҳазор нафар хидмат мерасонад, ба сурати оҷил рафъ кунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *