Президент меояд. Масъулин худнамоӣ мекунанд ё хизмат ба халқ?
«- Ман аз сафарҳои Президенти кишвар ба шаҳру ноҳияҳо хеле нигаронам, -менависад хонандае ба идораи ҳафтаномаи “Тоҷикистон”. Охир ҳар сафари Сарвари давлат холӣ аз хатар нест. Ҳамчунин мо бояд Пешвои миллатро аз хатари коронавирус эҳтиёт кунем. Мо ҳоло шахсияте чун Эмомалӣ Раҳмон надорем, ки миллати мо, давлати моро аз чанги наҳангон наҷот диҳад, давлатсоз бошад. Албатта, суханбозон, ҳаннотон дар дохилу хориҷи кишвар зиёданд. Аммо Президенти кишвар ҷон дар кафи даст ба шаҳру ноҳияҳо сафар мекунад. Оё зарурат ба чунин сафарҳо ҳаст? Охир ҳазорҳо корҳои бузург пеши рӯи Ҷаноби Олӣ истодаанд. Бо вуҷуди он, ин шахси бузург вақт пайдо мекунанд, ҳатто дар кушодашавии одитарин иншоот иштирок меварзанд. Медонед, ин барои чӣ? Барои он ки раисони шаҳру ноҳияҳо танҳо замоне масъулият дарк мекунанд, ки Ҷаноби Олӣ ташриф меоранд. Замоне ба ободкорӣ даст мезананд, ки Ҷаноби Олӣ ташриф меоранд! Замоне корҳоро босифат ба анҷом меоранд, ки Ҷаноби Олӣ ташриф меоранд. Барои ҳамин Ҷаноби Олӣ вақт, неру, саломатии худро сарфи ин сафарҳо мекунанд. Вале афсӯс мехӯрам, ки дили раисону вазирон (албатта, на ҳамаашон) чун дили Пешвои миллат ба давлат, ояндаи миллат, қимати вақт намесӯзад,баъзеашон об лой карда, моҳӣ меқапанд. Биёед, ба ҳуш оем, донем, ки баъд аз ҳазор соли давлатдории тоҷикон боз тоҷики дигаре дар симои Эмомалӣ Раҳмон пайдо гашт, ки давлатсозӣ мекунад ва ӯро чун гавҳараки чашм эҳтиёт кунем».
Мушоҳидаҳои журналист Муҳиддин Идизода давоми мантиқии номаҳо чун номаи болост, ки ҳамарӯза ба унони идораи ҳафтаноми “Тоҷикистон” ворид мешаванд.
Аз диду мушоҳидоти ҳаррӯза бармеояд, ки ками андар ками масъулини шаҳру навоҳӣ, дар ободу рушди маҳалли худ мустақилона иқдомеро амалӣ месозанд. Танҳо дар мавриде, ки сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин ё он минтақа доир мегардад, масъулини шаҳру навоҳӣ амсоли мурғи посӯхта ба чор тараф давида, ба хотири худнамоӣ саҳнаороӣ мекунанд. Бо маблағу ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ тарабхонаву синфхона, боғи истироҳативу ҳавзи моҳиро рангубор дода, дар гӯшаи дигари саҳнаашон маҳсулоти кишоварзии аз дигар минтақа ба ориятгирифтаашонро ба намоиш мегузоранд. Аммо чаро корҳои ободкорӣ бидуни сафарҳои кории Сарвари давлат дар шаҳру навоҳӣ амалӣ намегарданд?
Тайи чанд рӯзе, ки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ дар шаҳру навоҳии кишвар қарор дошт, бо иштироки Сарвари давлат чандин иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Бале, ин хуб аст, ки ба шарофати ташрифи Пешвои миллат ба ин ё он маҳал, баъзе аз раисони шаҳру навоҳӣ аз хоби ғафлат бедор ва дар пайи ободониву бунёд мегарданд. Дар чунин маврид зоҳиру ботини масъулин маълуми ҳамагон мегардад. Аммо аксар аз мардум посухҷӯи ин суоланд, ки чаро масъулини маҳалро анъанаву одат дар замир шуда, ки танҳо бо омад-омади Сарвари давлат ҳам захираи маблағ пайдо мекунанду ҳам неру ва кори дусоларо дар се моҳ татбиқу амалӣ карда, аз тамоми имконот истифода бурда, шаҳру навоҳиро ободу шукуфо месозанд?
Мардум аз баанҷомрасии корҳои ободониву бунёди иншоот ва тозакориҳову тахту ҳамвор кардани роҳҳои фарсуда ба ваҷд омада, хулоса мекунанд: “Мешудааст-ку”?
Қаблан роҳҳои марказии ноҳияи Шаҳритус ва дару девори биноҳои маъмуриву атрофу акнофи ноҳия фарсудаву пур аз ахлот буд, ки аз чунин манзараҳои нохуб табъи ҳар меҳмони аввалин маротиба ба ин гӯшаи Ватан ташрифоварда хира мегашт. Қабл аз сафари Пешвои миллат ба ноҳия, аз масъулин сар карда, то хонандагони макотиб дасту остин барзада ба ҳашар баромаданду дар як муддати кӯтоҳ раставу кӯчаҳои маркази ноҳияро ба гулистони воқеӣ табдил доданд. Президент зимни боздид аз ободкориҳо аҳсан ба мардум хонд, лек аз он эрод гирифт, ки роҳбарони ноҳия дар бунёду сохтмони корхонаҳои истеҳсолӣ фориғболанд. Воқеан ҳам, шигифтангез аст, вақте масъулини ноҳия танҳо чанд дона харбузаву ангуру себи ба орият гирифтаву тарабхонае ва боғи истироҳатиеро ҳисобот-намоишномаи сафари Пешвои миллат мекунанд. Чунин корро ҷуз хокпошӣ бар чашми Сарвари давлат ва мардуми ноҳия наметавон чизи дигар тафсир кард. Бунёду мавриди истифода қарор додани ҳар гуна тарабхонаву марокизи тиҷоратӣ магар метавонад кисаи холии мардумро пур созад?
Чанд сол пеш бо иштироки Пешвои миллат дар маркази ноҳияи Шаҳритус ҶДММ ДУК мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда буд, ки тибқи иттилоъ мебоист корхонаи мазкур коркарди пилла ва адрасбофиро роҳандозӣ мекард. Аммо бо гузашти чанд муддат суръати фаъолияти корхонаи мазкур суст гашт. Ҳамчунин, Сарвари давлат қаблан дар назди коргоҳи мазкур санги асоси корхонаи бофандагиро гузошта буд ва қарор буд, то дар солҳои наздик корхонаи мазкур мавриди бунёду баҳрабардорӣ қарор мегирифт. Аммо ба гуфтаи коршиносони ноҳияи Шаҳритус, корхонаи ДУК-ро ҳам манфиатҷӯёне зери даст карданд, ки фаъолияташ то андозае коҳиш ёфт. Бале, маҳз чунин омилҳо дасту дили аксар соҳибкорони ватаниро сарду хунук мегардонад, вагарна даҳҳо соҳибкороне арзи ҳастӣ доранд, ки омодаанд чандин корхонаҳо бунёд карда, садҳо нафарро бо ҷойи кор таъмин кунанд. Хуб, ин мавзӯи алоҳида аст ва албатта, онро пайгирӣ хоҳем кард…
Мақсад аз иншои матлаби мазкур посух ёфтан ба он суол аст, ки магар раисони шаҳру навоҳӣ наметавонанд мустақилона иқдоме рӯи даст гирифта, барои беҳбуд бахшидан ба рӯзгору зиндагӣ ва фароғату истироҳати мардум бидуни ташриф ва иштироки Сарвари давлат корҳоеро ба анҷом расонанд?! Аз мардуми шаҳру навоҳӣ ин суолро пурсӣ як ҷавоб мегӯянд: Не, масъулин пайи манфиати худанд ва кош, Пешвои миллат ҳар семоҳа сафари корӣ ба шаҳру навоҳӣ анҷом медоданд ва аз масъулин талаби иҷрои супоришҳо мекарданд. Бале, он вақт ками андар ками соҳибмансабон довталаб ба курсии раиси шаҳру навоҳӣ мешуданд ва беҳтаринҳову уҳдабароҳо масъулиятро бар дӯш мегирифтанд. Фикр мекунам, ин ягона роҳу василаест, ки содиқ будани соҳибмансабон ба Пешвои миллат ва халқро муаррифӣ мекунад!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ