Президент: Мо бо ИНОТ сулҳ карда будем,на бо ҲНИТ

 

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти  Тоҷикистон, дар ҷашни ваҳдати миллӣ, дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд гуфт, ки ҳукумат соли 1997 бо Иттиҳоди нирӯҳои оппозитсиюни тоҷик музокироту сулҳ карда буд, на ҳизби ҳоло мамнӯи Наҳзати исломӣ.Ӯ шоми 27-уми июн, ки дар Конибодом чорабиниҳои идона идома доштанд,  гуфт: “Мо ҳеҷ вақт бо ҳизби террористиву экстремистии наҳзат ягон ҳуҷҷат имзо накардаем. Ин нуктаи муҳимро тамоми мардуми тоҷик бояд донанд.”21 соли пеш, рӯзи 27-уми июни соли 1997, дар шаҳри Маскав бо сарпарастии Созмони Милали Муттаҳид миёни ҳукумат ва раҳбарияти Иттиҳоди нирӯҳои мухолифини тоҷик созиши сулҳ баста шуд. Ин созишномаро Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва Саид Абдуллои Нурӣ, раҳбари Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини Тоҷикистон имзо карданд.Баъди ин, 30 дар сади мақомҳои ҳукуматиро ба намояндагони мухолифони давлат доданд, гурӯҳҳои мусаллаҳи мухолифин ё халъи силоҳ шуданд ва ба зиндагии осоишта баргаштанд ва ё ба сафи артиш пайвастанд.Ҳизби ҳоло дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ҳамеша худро як тарафи сулҳ дониста ва гуфтааст, ҳукумат ба танҳоӣ наметавонист ба ваҳдати миллӣ бирасад. Ин ҳизб пас аз ҳодисаҳои соли 2015 дар кишвар ҳукуматро ба нақзи созишномаи сулҳ низ муттаҳам кардааст.Дар гузашта Худойбердӣ Холиқназарзода, раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон гуфта буд, “ҲНИТ дар музокирот ҳамагӣ 25 дарсад намояндагӣ дошту бас.” Вай гуфта буд, намояндаҳои ҳизби демократ, Маркази ҳамоҳангсозии нерӯҳои демократии Тоҷикистон, созмонҳои «Лаъли Бадахшон» ва муҳоҷирони тоҷик низ шомили Иттиҳоди нирӯҳои оппозитсиюни тоҷик буданд.Имзои созишномаи сулҳ ба ҷанги панҷсола дар Тоҷикистон хотима гузошт. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар Конибодом гуфт, талабу дархост ва майлу иродаи мардум як сабаби сулҳ буд.“Ва танҳо ба хотири аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест нашудани давлати соҳибистиқлоламон ва пароканда нагардидани миллатамон мо бо Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин музокиротро оғоз кардем”, — афзуд ӯ.Ба қавли Эмомалӣ  Раҳмон, ин музокирот чиҳил моҳ дар гӯшаҳои дунё идома кард ва дар ин муддат чиҳил санади муҳим имзо шудааст.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *