Президент: Нақши ҳалкунанда танҳо ба мардуми Тоҷикистон тааллуқ дорад

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, сокинони Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи ваҳдати миллӣ ва ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ табрик гуфт.

Президенти кишвар дар суханрониаш аз 24 соли осоиш гуфту таъкид кард, ки тайи ин солҳо кулли сокинони кишвар хуб дарк намуданд, ки ваҳдати миллӣ таҳкурсии пешрафту ободии Ватан аст.

«Ин рӯзро мо ҳамчун рӯзи пирӯзии миллати куҳанбунёди тоҷик бар қувваҳои аҳриманӣ, ҳамчун рӯзе, ки ба фоҷиаи миллат нуқта гузошт ва ҳамчун рӯзи аз имтиҳони сахту сангини таърих гузаштани давлати тоҷикон таҷлил мекунем», — гуфт президент.

Кишвардор дар идомаи суҳбаташ аз кушта шудани даҳҳо ҳазор ҳамватанон дар ҷанги шаҳрвандӣ ёдовар шуд.

Ӯ гуфт, он солҳо даҳҳо ҳазор модарон бе фарзанд, занон бе саробон ва тифлон ятим монда, зиёда аз як миллион нафар шаҳрвандон дар дохилу хориҷ гуреза шуданд.

«Хатари аз ҳама даҳшатнок дар он шабу рӯзҳо ин буд, ки эҳтимоли пароканда шудани миллати тоҷик ва аз байн рафтани давлати ҷавони тоҷикон ба воқеияти талхи таърихи муосири мамлакат табдил ёфта буд», — таъкид кард президент.

Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамдигарфаҳмию якдилии мардуми тоҷик дар он замони душвор бо ифтихор ёдовар шуд ва гуфт нақши муҳимро дар истиқрори сулҳ кӣ бозид.

«Мехоҳам бо ифтихор хотирнишон созам, ки дар ин раванди мушкилу тақдирсоз, яъне таъмин намудани сулҳу оромӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ваҳдати миллӣ нақши ҳалкунанда танҳо ба мардуми Тоҷикистон тааллуқ дорад».
Президент дар анҷоми суҳбаташ аз мардум даъват кард, ки ба таҷлили 30-юмин солгарди истиқлоли давлатӣ, тамоми имконияту нерӯ ва саъю талоши худро равона созанд

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *