Президент намегузорад занҳо ба корҳои вазнин машғул шаванд

Президенти ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, корҳои вазнин ва зарароварро барои занони кишвар мамнуъ кард.

Тибқи қарори ҳукумат, ки аз ҷониби раисиҷумҳури Тоҷикистон моҳи гузашта имзо шудааст, ҳама гуна меҳнати занон дар соҳаи куҳкорӣ, корҳои зеризаминӣ ва сохтмони иншооти зеризаминӣ мамнуъ мебошад.

Ба соҳаҳои мамнуъ барои занон инчунин баъзе бахшҳои коркарди метал ворид гардидааст.

Дар қарори ҳукумат таъкид шудааст, меҳнати занон дар боркашии дастӣ ва бардоштани вазни зиёд манъ мебошад.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон мақомоти маҳаллӣ ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолиро муваззаф намудааст, ки иҷрои қарори мазкурро назорат кунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *