Президент: Нархи барқ ба камбизоатон арзон карда шавад
Дар Қирғизистон, мумкин аст, аз 1-уми январ арзиши неруи барқ барои хонаводаҳои камбизоат аз 77 тийини ҳозира барои ҳар киловат соат то ба 50 тийин пойин оварда шавад.
Дар ин бора Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон дар ҷаласаи рӯзи 26-уми ноябр ба ҳукумати кишвараш дастур додааст. Ин дар ҳолест, ки Ҷабборов пештар гуфта буд, бидуни боло бурдани нархи барқ наметавон соҳаи энержиро рушд дод ва вай ҷонибдорони арзон кардани қимати неруи барқро ба авомфиребӣ гунаҳкор карда буд. «Бояд ба хонаводаҳои камбизоат таваҷҷуҳи бештар равона карда шавад. Ҳама чиз қимат шуд, мо 110 ҳазору 518 хонаводаи камбизоат дорем, ки бояд кумаку пуштибонӣ бинанд. Мушкилии ин хонаводаҳо бештар аз дигарон аст. Агар ҳар кадом хонавода 5 узв дошта бошад, пас, онҳо бештар аз 500 ҳазор ҳастанд. Аз ҳамин хотир, биёед аз 1-уми январ қимати неруи барқи онҳоро пойин барем», — муроҷиат кард Ҷабборов ба намояндагони вазорати энержии кишвараш.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ