Президент нишасти хабарӣ баргузор менамояд

Сооронбой Ҷеенбеков бори нахуст ҳамчун президенти Қирғизистон нишасти хабарӣ баргузор хоҳад кард.

Ба огаҳии дастгоҳи президент, дар ҳоли ҳозир раванди бақайдгирии рӯзноманигорон идома дорад. Қарор аст, нишаст 19 декабр дар қароргоҳи давлатии «Ала-Арча» баргузор шавад.

Ҷеенбеков 6 марти соли равон бо раҳбарони 40 расона мулоқот карда, ба суоли онҳо посух гуфт. Вале ин нишаст дар шакли мизи мудаввар баргузор шуда буд.

Президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев дар як сол ду бор — зимистон ва тобистон нишасти хабарӣ баргузор мекард.

Сооронбой Ҷеенбеков ба ҳайси президенти Қирғизистон 24 ноябри соли 2017 корро оғоз кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *