Президент нишони тиллоӣ гирифт
27 июн ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои хизматҳои арзанда баҳри пешрафти кори иттифоқҳои касаба Нишони ифтихории тиллоии «Барои хизматҳо дар ҳаракатҳои иттифоқҳои касаба” супурданд.
Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 27 июн, дар солгарди 20-уми имзои созишномаи сулҳи тоҷикон президент Эмомалӣ Раҳмон «барои хизматҳои арзанда баҳри пешрафти кори иттифоқҳои касаба” бо Нишони ифтихории тиллоии «Барои хизматҳо дар ҳаракатҳои иттифоқҳои касаба” сарфароз гардонда шуд.
Бино ба ин манбаъ, «нишонро дар вазъияти тантанавӣ ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Котиби генералии Конфедератсияи умумии иттифоқҳои касаба Владимир Шербаков тақдим намуда, нақши Сарвари давлатро дар рушду пешрафти кори соҳа муҳимму назаррас арзёбӣ карданд.”
Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон аз қавли Владимир Шербаков навиштааст, ки «Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсати ояндадору дурбинона ва хайрхоҳонаи худ ҳамеша ба масъалаи беҳдошти шароити кору зисти меҳнаткашон аҳамияти махсус медиҳанд. Ҳамин талошҳову тадбирҳои созандаи Пешвои миллат буд, ки дар Тоҷикистон вазъи иҷтимоии коргарон беҳтар гардида, мардум зери сиёсати бобарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои тинҷу ором кору зиндагӣ менамоянд.”
Дафтари матбуоти президент меафзояд, Эмомалӣ Раҳмон «дар байни роҳбарони давлатҳо яке аз аввалинҳо шуда, ба ин нишони олӣ сарфароз мегардад.”
Конфедератсияи умумии иттифоқҳои касаба соли 1992, дар пайи фурӯ пошидани СССР дар заминаи ВЦСПС – Иттиҳоди марказии иттифоқҳои касабаи Иттиҳоди Шӯравӣ – таъсис ёфт ва иттифоқҳои касабаи кишварҳои пасошӯравиро муттаҳид мекунад. Аз замони таъсисаш раҳбарии ин Конфедератсияро Владимир Шербаков, раиси қаблии ВЦСПС ба дӯш дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ