Президентҳо аз мулоқот розианд
Президенти ИМА Доналд Трамп баъди анҷоми мулоқоти рӯбарӯ бо президенти Русия Владимир Путин, ки беш аз 2 соат идома кард, гуфт, ки музокироти онҳо «хеле ва хеле хуб» гузашт.
Мулоқоте, ки қарор буд 90 дақиқа идома кунад, беш аз ду соат тӯл кашид.Дар нишасти хабарие, ки баъди ин мулоқот шурӯъ шуд, президенти Русия Владимир Путин аз ин музокирот ҳамчун «як нишасти хеле хуб» ва «пурбор» ситоиш кард.Путин гуфт, ки дар ин мулоқот Трамп ба мавзӯи иттиҳоми мудохилаи Русия ба интихоботи ИМА муроҷиат кард. «Мавқеи мо тағйир наёфтааст. Такрор мекунем, ки мо ба ин чиз даст надорем». Путин гуфт, ки Русия омода аст дар таҳқиқи иттиҳомоти рахнагариҳои компютерӣ ба Амрико кӯмак ва ҳамкорӣ кунад.Путин гуфт, ки аз натиҷаҳои музокироти нахустин розӣ аст,»ҳарчанд на ҳама масъалаҳои дарднок баррасӣ шуд». Вале, гуфт Путин, фурсати он расидааст, ки яхҳои «ҳамкорӣ дар байни созмонҳои ҷамъиятӣ ва ҳам дар самти башариву фарҳангӣ об шавад».Президенти ИМА Доналд Трамп гуфт, ки ӯ ҳам аз натиҷаҳои музокироти имрӯза розӣ аст ва мулоқоти мазкур бори дигар собит кард, ки «дипломатия ва муколама» беҳтар аз ихтилоф аст.»Равобити мо ҳеҷ гоҳ поинтар аз сатҳи кунунӣ набуд, вале ҳама чиз чор соат пеш дигар шуд», гуфт ӯ.Трамп гуфт, ки ҳамеша бо назардошти манфиати Амрико кор кардааст.Трамп гуфт, ки мулоқоти имрӯза оғози музокиротҳои баъдии байни раҳбарони ИМА ва Русия мешавад. Вай гуфт, ки идомаи музокирот ба манфиати ҳарду кишвар аст.Ба гуфтаи Трамп дар ин нишаст иттиҳоми Русия дар мудохила ба ҷараёни интихоботи Амрико, мубориза бо ифротгароии динӣ, ҳамкории ИМА ва Русия дар амри ҷилавгирӣ аз ҳамлаҳои террристӣ дар Санкт-Петербург, барномаи ҳастаии Эрон, ҷанги дохилии Сурия баррасӣ шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ